Ҳукми зиндони даҳҳо нафар бо иттиҳоми амали террористӣ дар ҷашни “Наврӯз”

Додситони кулли Тоҷикистон даҳҳо шаҳрвандро бо иттиҳоми нақшаи анҷоми амали террористӣ дар маросими ҷашни Наврӯз 2024 боздошту зиндонӣ кард.

Додситонии кул мегӯяд, ин гурӯҳ нақша доштанд мардумро дар арафаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат заҳролуд кунанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар чорчӯби ин парванда то кунун беш аз 30 нафарро боздошту зиндонӣ ва 10 нафари дигарро дар пайгард қарор додааст.

Дар ин бора, 14-уми феврали соли ҷорӣ, Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Додситонии кулли кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иддаои Саидаҳмадзода, боздоштшуҳо аъзои ДИИШ буда, барои аз 8 то 20 сол равонаи зиндон гардидаанд. Аммо ин мақомдори тоҷик номи нафарони боздоштшуда ва дар пайгардбударо зикр накард.

Ёдовар мешавем, ки 29-уми марти соли ҷорӣ хабаргузории Reuters ва инчунин Азия-Плюс бо такя ба манобеашон аз ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз боздошти 9 нафар ба иттиҳоми иртибот доштан бо Вилояти Хуросони “ДИИШ” ва гумонбарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буданд. Дертар расонаҳо аз боздошти 20 нафар хабар доданд.

Он замон гуфта мешуд, ки боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак буда, дар байнашон ноболиғон ҳам ҳастанд ва ба як рӯз қафо гузошта шудани ҷашни Наврӯз, ки бояд рӯзи 24-уми марти соли 2024 баргузор мешуд, ба ҳамин хотир будааст.

Пас аз нашри ин хабар Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо нашри изҳороте гуфта буд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Аммо тобистони соли гузашта, Додситони кулли кишвар тасдиқ кард, ки беш аз 20 нафарро барои қасди аҷоми амали террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар боздошт кардааст ва онҳо аъзои ДИИШ мебошанд.

Маълум нест мурофиаи додгоҳии ин афрод дар куҷо баргузор шуда, то куҷо боздоштшудаҳо иттиҳомоти мақомотро қабул доранд, инчунин назари пайвандонашон ва вакили дифои онҳо дар ин бора то ҳол расонаӣ нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико вориди рақобат бо Чин дар ОМ мешавад. Баранда кист?

Амрико барои манофеаш вориди бозии нав дар ОМ шуданист. Оё кишварҳои минтақа метавонанд аз ин фурсати таърихӣ ба нафъи худ истифода кунанд ва худро аз султаи Русия раҳо кунанду зери султаи дигаре нараванд?

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.