Ба назар мерасад мақомот дар Тоҷикистон огоҳона ва амдан даст ба амалҳое мезананд, ки мардум оромиву осоиш надошта бошад. Мардум тоза аз азобу озори бебарқӣ ва изтиробу ташвиши “облава” раҳо шуда буд, ки мақомот болои онҳо мушкилиҳои наверо бор мекунад.
Феълан танҳо аз ду мавриде мегуем, ки дар тамоми қаламрави кишвар мояи нигарониҳо ва нороҳатиҳои мардум шудааст. Яке ин аст, ки мақомот дар тамоми навоҳии кишвар бо ташкили гурӯҳҳои расмӣ хона ба хона ва мактаб ба мактаб гашта, ба истилоҳ рейдҳову ҷаласаҳо доир карда, волидонро ҳушдор ва дастур дода истодаанд, ки ба фарзандон таълими динӣ надиҳанд. Дар сурати нофармонӣ бар ин ҳушдор ва саркашӣ аз ин дастур онҳо муҷозот хоҳанд шуд.
Мақомот ошкоро таҳдид карда истодаанд, ки бар тиқи қонунҳои ҷорӣ таълими динӣ барои наврасони то синни ҳаждаҳ мамнуъ аст, ҳам волидон ва ҳам он нафарҳое, ки тадриси динӣ мекунанд ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Бо таъкиди он ки рафтан ба масҷид ва намозгузории ҷавонони то синни ҳаждаҳ манъ аст, бо волидон ҷаласаҳо доир карда, аз “хатару зиёни таълими ғайрирасмии динӣ” “фаҳмондадиҳиҳо” мегузаронанд. Ин “фаҳмондадиҳиҳо”-ро бар замми ин ки мардум фаҳмида наметавонанд, инчунин озурдагӣ ва ошуфтагиҳоро ба ҳамроҳ овардааст.
Рӯзҳои ахир мавориди шикояти мардум аз ин амалҳои мақомот ба Azda TV аз дохили кишвар зиёд расида истодааст. Ҳамсуҳбатони мо, ки бо далоили амниятӣ аз зикри номи худ иҷтиноб варзиданд, мегӯянд, мақомот нагуфтанд, ки бо кадом роҳу бо кадом усуле мешавад ба фарзандони худ, ки мусалмонзодаанд таълими динӣ бидиҳем. Чун дар тамоми қаламрави кишвар ҳеҷ мактабу омӯзишгоҳу мадрасае амал намекунад, ки битавон фарзандони худро таълими динӣ дод. Ваӣ мо ба ҳайси як мусалмон байни масъулияти имониву исломии худ ва тақозои пуртаҳдиди ҳукуматҳои маҳаллӣ оҷиз ва муаллақ мондаем. Солҳои қабл дар назди масҷидҳои маҳал давраҳои омӯзишӣ амал мекард ва фарзандони мардум таълими ибтидоии динӣ мегирифтанд ва таълими сунатии ҳуҷраӣ ҳам дар хонаҳо амал мекард.
“Мо ҳайрон ҳастем, ки фарзандонамонро чӣ гуна бо аркону асосҳои дини аҷдодиамон ошно бисозем, чун фарзи гарданамон аст, ки фарзандонамонро биомӯзонем. Чаро ҳукумат аз дини аҷдодии худ парҳез мекунад ва мехоҳад, ки насли наврас бедин ба камол расад?”
Як сокини ноҳияи Мастчо, ки аз оҳанги суҳбаташ маълум буд хеле ошуфта аст, гуфт: “тамоми имомхатибу муаззину мутаваллии масҷидҳо аз нафаронеанд, ки худи мақомот маъмур ва масъул кардаанд ва онҳо фақат аз ҳукумату Пешвои миллат суҳбат мекунанд, вале боз ҳам мақомот аз огоҳии ҳатто ибтидоии насли наврас аз дини аҷдодӣ эҳсоси нороҳатӣ ва норизоиятӣ мекунанд. Чаро додани таълими динӣ ва бо обдасту намоз ва ҳалолу ҳаром ошно кардани насли наврас боиси ташвишу изтироби ҳукумат мешавад?”
Аммо танҳо масъалаи омӯзиши динии насли наврас ва ҳузури онҳо дар масҷид нест, ки боиси ташвишу нигарониҳо миёни мақомот ва мардум шудааст.
Ахиран аз дохили кишвар хабарҳои изтиробангезе мерасад, ки мақомот заминҳои кишти воҳидҳои кишоварзӣ ва деҳқононро ба иҷбор ва дар ҳини ҷамъоварӣ аз нав ҷуфт ва чапагардон карда истодаанд. Моҳи май аз нисф мегузарад, мавсими ҷамъоварӣ, масалан дараву ҷамъоварии алафи ҳайвонот – ҷаву юнучқа ва дигар хошок фаро расидааст, аммо “комиссияҳои ҳукуматӣ” деҳабадеҳа гашта водор карда истодаанд, ки заминҳоро шудгор кунанд ва картошка коранд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки тамоми харҷи шудгору чапагардони замин ва хариди тухмӣ бар уҳдаи деҳқон ва воҳидҳои кишварзӣ вогузор мешавад. Деҳқон маҷбур аст “солярка” бихарад, тухмӣ ва нуриҳои маъданӣ пайдо кунад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки мавсими кишти картошка кайҳо гузаштааст.
“Ин кори ҳукумат сирфан бар зиёни мо ва тамоми мардум тамом мешавад. Соҳиби замин худаш хуб медонад, ки ба чи ниёз дорад, чи бикорад, то аз замин баҳра ва фоида ба даст оварад? Вай тахминӣ ва кӯркӯрона барои ҳайвоноташ накиштааст. Агар хошоки даркорӣ захира накунад вай маҷбур мешавад дарзаи алаф барои чорпояшро бо нархи баланд бихарад.”, мегӯяд яке аз деҳқонон.
Ин ҳамсуҳбати мо дар хитоб ба мақомдорони кишвар гуфт: “Заминро ба деҳқон додӣ, молиёташро мегирӣ, воҳиди кишварзӣ дар Идораи молиёт ба унвони андозсупоранда расман сабти ном шудааст, санад дорад, ки хоҷагии кишоварзӣ аст ва тибқи он санад ҳар сол андоз месупорад, хуб дигар мантиқиву қонунӣ аст, ки он чизе бихоҳад мекорад ва барои ин ҳаққу иҷозат дорад. Пас, чаро мудохила мекунанд?”
Воҳиди кишоварзӣ ва деҳқон харҷ карду ҷуфт кард, тухмӣ харид, бо ин умед, ки замини ба иҷора гирифтааш ба манфиаташ аст. Аммо ҳукумат меояду зироати дар ҳоли ҷамъварии онро нобуд месозад. Ин ҳама заҳмату хароҷоти деҳқонро – ки товони зарари кишти он несту нобуд шуд, кӣ медиҳад? Аммо ин тарафи масъала “комиссияҳои ҳукуматӣ”-ро нигарон намекунад, вай меояду мегӯяд, ки заминатро чапа куну картошка кор.”
Магар пули андози заминро деҳқон дар ин ҳолат чӣ тавр ва барои чӣ пардозад. Чаро ҳукумат мардумро дар ташвиш меандозад, ноором мекунад, зарару зиён мерасонад? Оё ин мудирият дуруст аст ё нодуруст?
Як нафар аз деҳқонон аз ноҳияи Истаравшан дар суҳбат бо мо гуфт, ки “ин як кори тамоман беинсофона аст, ки сирфан бар зарари мо тамом мешавад. Мо ин заминҳоро бо пули худамон кишт карда, тухмии юнучқа ё ҷав ё ҷуворимакка харида ва дар рӯзҳои мусоиди моҳи апрел коридем, бо доруҳои минералӣ таъмин кардем, аммо дар айни дарав аз ноҳияву ҷамоат ва аз милиса омада, трактор оварда заминҳои моро ҷуфт карданд, то ки мо картошка кишт кунем. Сару калобаамон гум шуд, чун зарари ҷиддӣ дидем.”
Ҷуфт ва шудгори маҷбурӣ ва зиёновари мақомот дар маҳалҳо на фақат дар Истаравшан, балки дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад.
Як нафар аз собиқ раисони хоҷагии деҳқонӣ, ки феълан даврони пирӣ меронад гуфт, дар арзёбиҳои байналмилалӣ баҳои дарзаи алаф ва ё баста (пресси ҷав ва гандум ва дигар хӯрокаи чорпоён зикр намешавад. Аммо баҳои маводди ғизоӣ, мисли картошка, сабзӣ ва пиёзу бодимҷону нахуду лубиё дар арзёбиҳо нишон дода мешавад. Ҳукумат мехоҳад нишон диҳад, ки ин навъи маводди ғизоӣ ва баҳои он таҳти назорат ва дастраси мардум аст ва ҳукумат дар ин самт мудирияти дурустеро ба роҳ мондааст. Чунки айни замон нархи картошка, сабзӣ, пиёз дар кишвар боло рафтааст ва мақомот қасд дорад бо афзоиши кишти ин маводди ғизоӣ рӯи нарх таъсир бигзорад. Ҳоло барои мисол нархи сабзӣ аз 7 сомонӣ, муодили 70 сент ва картошка аз 50 ва пиёз аз 40 сент боло аст. Килои нахуду лубиё барои мисол ду то дувуним доллар аст, ки нишон медиҳад дар арсаи кишоварзӣ ҳукумати Тоҷикистон сахт ноком мондааст. Ҳукумат ин тарафи масъаларо, ки бо ба иҷбор коштани картошка наметавон баҳои онро коҳиш дод ба инобат нагирифта истодааст. Ва ончи ки имрӯз ҳукумат ҳамчун чора ва тадбир болои кишоварзон бор мекунад, роҳи ҳал ва дурусту мантиқӣ намебошад:
“Дар чунин ҳолатҳо бояд ҳукумат аз хориҷа, барои мисол картошка ворид кунад. Бигзор тамоми аворизи гумрукӣ ва молиёт барои воридкунандаҳо дар як давраи муайян бардошта бишавад, то битавонанд маводди мавриди назарро бештар дохили бозор кунанд. Чапагардон кардан ва маҷбур кардан, ки замини ҳосилаш расидаро барои зироати дигар истифода кунанд, роҳи ҳал нест. Чунки ин зарари ҷиддӣ ба деҳқон ва дар умум ба мардум ба худи ҳукумат мерасонад.”, – мегӯяд мусоҳиби мо.
Маълум аст, ки бархе аз манотиқ барои кишти картошка мусоид нест. Корманди идораи кишоварзии яке аз ноҳияҳо дар шимоли кишвар дар шарҳи ин моҷарои пешомада ба Азда гуфт: “Кишти картошка дар иқлими гарм фоидаовар намебошад. Ин вақти сол дарёфти картошкаи тухмӣ ҳам бисёр душвор ва дастнорас аст. Мо қувват ва тавони хариди дигарбораи “солярка” ва пули трактор барои ҷуфтро надорем. Ҳамаи ин корҳо хароҷот дорад. Картошка дар ҷойҳои мо дар март кошта мешавда, чун иқлими мо гарм аст. Ин вақти сол кишти картошка ҳосил намедиҳад. Хулоса, ҳукумат моро дар ташвиш гузошт ва зарари калон расонд. Ҳукумат бояд муайян кунад, ки дар кадом манотиқи кишвар чӣ зироатеро метавон кишт кард. Масалан, дар Лахш, Мастчоҳи кӯҳӣ, Шаҳристон, водии Қартоегин кишти картошка мусоид аст. Дар Вахшу Зафарободу Ёвон, ки офтоб баланд аст, картошка ҳосили дилхоҳ намедиҳад ва замин исроф ва бефоида мешавад. Агар дар ин ноҳияҳо зарур бошад, пас бояд моҳи март картошка кошта бишавад. Ҳамаи инҳо бояд ҳисобу китоб дошта бошад. Ин як арифметикаи одӣ аст. Наход ҳукумат ҳаминро нафаҳмад. Инҷо ҳазорҳо гектар замин бесамар ва бефоида мешавад. Ин як кори тамоман аз ақл дур аст”.
Аммо деҳқонон мегӯянд, ки онҳо заминро ба иҷора гирифтаанд ва бояд аз он фоида ба даст оваранд. Онҳо муаззаф нестанд чизеро, ки аз он суде оидашон намешавад, бикоранд. Зеро дар ҳақиқат зарар мебинанд:
“Мо ду ҳосил барои чорпоёнамон мегирем. Ҷави барвақтиро дарав ва дар ҷойи он макка кишт мекунем. Ҳам дони ҷав ва ҳам коҳ мегирем ва ҳамчунин ҳам дони макка ва ҳам алафи онро мегирем ва чорво парвариш мекунем ва аз ҳисоби он зиндагиро пеш мебарем. Дар участкаҳои наздиҳавлигӣ барои истеъмоли худ сабзӣ, пиёз ва катошка мекорем, ки аз ин ҳисоб ҳам як ҳиссаи онро пешкаши бозор мекунем. Аммо вақте то як -ду гектар замини ҷави моро чапа карданд, ҳам аз дон ва ҳам аз коҳи он маҳрум шудем ва ҳам макка кишт карда наметавонем. Агар ҳадаф коҳиши нарху наво бошад, чаро аз ҳисоби поин кардани нархи яке баҳои дигаре баланд бардошта шавад? Вақте зироати барои чорпо кам ҷамъоварӣ шуд, табиист, ки баҳои гушт ва маҳсулоти ширӣ чанд баробар боло меравад. Дар ниҳоят боз зарар ба мардум мерасад.
Вазъити бавуҷудомада дар кишварро нафаре, ки дар гузашта дар Вазорати иқтисод кор карда ва феълан ба унвони паноҳанда дар хориҷ аз кишвар қарор дорад ба Azda TV чунин тавзеҳ кард:
“Ин дар табиат ва хислати ҳукуматҳои мустабид ва худкома ниҳуфтааст, ки мардумро бояд ҳамвора дар ҳолати изтиробу ташвиш ва ошуфтагӣ нигоҳ доранд. Хотири осуда надошта бошанд. Мудом дучори мушкил бошанд. Аз ин мушкил раҳо шаванд, масалан аз мушкили облава, набуди нерӯи барқ боз ба мушкили дигар мубтало гарданд. Дар бораи дигар чиз, масалан ин ки ҳукумат то куҷо шоиста ва муносиб аст, фикр накунанд. Танҳо фикр кунанд, ки бояд зиндагӣ ҳамин тавр бошад, фикр кунанд, ки ҳукумат кораш дуруст аст, фикр кунанд, ки худи онҳо, яъне мардум аст, ки хатову иштибоҳ кардааст. Мебоист ҷаву гандуму юнучқа неву картошка мекорид. Аз ин ҷост, ки дар чунин низомҳо ҳамеша ҳукумат мояи ташвиши мардум мешавад ва мардум мояи ташвиши ҳукумат”.