Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) нисбат ба вазъи буҳронии кӯдакон ва интишори гуруснагӣ ва камбуди ғизо дар Ғазза ҳушдор дод.
Ин ниҳоди байналмилалӣ эълом карда, ки гуруснагӣ ва камбуди ғизо дар миёни аҳолии Ғазза, бахусус кӯдакони ба марҳилаи маргбор расида, пайдо кардани маводи хӯрока ҳам дар ин борика қариб ғайриимкон шудааст.
Юнисеф ҳушдор дода, ки рӯзона чандин кӯдак дар Ғазза ба сабаби камбуди ғизо ва гуруснагии шадид ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳамзамон ин ниҳод таъкид карда, ки Исроил оби ошомиданиро барои аҳолии Ғазза қатъ карда, мардум ба ҳадди изтирорӣ ҳам об пайдо намекунанд.
Ин ниҳоди байналмилалӣ вазъияти кунунии Ғаззаро “фоҷиаи сохтаи дасти башар” унвон карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб карда, ки монеаҳо барои расондани обу хӯрок ба аҳолии ин борикаро бартараф кунанд ва ҳарчи зудтар мардуми ин минтақа бо кумакҳои башардӯстона ва ниёзҳои аввалия таъмин шаванд.
Ин ҳушдори ниҳоди байналмилалӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Ғазза идома дорад. Ва ҳамзамон сиёсиён ва низомиёни исроилӣ гузоришҳо дар мавриди афзоиши маргу мири ношӣ аз гуруснагӣ ва қаҳтиро нодида гирифта, вазъияти фоҷиабори Ғаззаро инкор мекунанд.
Гузоришҳо аз он нақл мекунанд, ки артиши Исроил бар иловаи гурусна нигоҳ доштани аҳолии Ғазза ба сӯи онҳое, ки барои дарёфти ғизо дар навбат меистанд, тир мекушояд ва рӯзона даҳҳо нафарро мекушад.
Тавре “Ал-Ҷазира” қаблан гузориш дода буд, артиши Исроил танҳо дар як рӯз беш аз 51 фаластинии гурснаро, ки дар саф мунтазири дарёфти кумакҳои инсонӣ буданд, кушт ва 648 нафари дигарро захмӣ кард.
Дафтари расонаии фаластинӣ дар гузорише таъкид карда, ки ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба сӯи фаластиниёни гурусна амдӣ буда, Исроил гуруснагиро ҳамчун силоҳи ҷангӣ алайҳи мардуми Ғазза истифода мекунад.
Созмонҳои ҳуқуқӣ низ бо интишори байнияҳо таъкид мекунанд, ки Исроил бо хунсардии комил ғайри низомиёни дар ҷустуҷӯи ғизоро ҳадаф қарор медиҳад ва бо ин кораш тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва инсониро поймол мекунад.