Тоҷикистон давоми 6 моҳ бо арзиши 30 млн доллар ба Афғонистону Узбекистон барқ додааст

Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфтааст, Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба кишварҳои ҳамсояи худ Афғонистон ва Узбекистон бо арзиши 30.2 млн доллар 912.4 млн киловат барқ содир кардааст.

Ӯ дар идома афзуда, ки аз ин маблағ 23 млн доллар ба Афғонистон ва 7.2 млн ба Узбекистон барқ содир шудаашт.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ин ниҳод мизони содироти барқи Тоҷикистон ба ҳамсоякишварҳо тай шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта 345 млн киловат-соат коҳиш ёфтааст. Ва ҳамзамон Тоҷикситон қасд дорад то поёни соли ҷорӣ 3 миллиард киловат-соат барқ ба Афғонистон ва Узбекистон содир намояд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли гузашта ба миқдори 2.9 миллард киловат-соат барқ бо арзиши 91.3 млн доллар ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.