Хоҳиши Тоҷикистон аз Чин: масъалаи марз ошкор нашавад

Хусрав Нозирӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Душанбе Лю Бин дидору гуфтугӯ намудааст. Дар ин мулоқот масоили нвшр шудани мақолаҳо дар хусуси марзи ин ду кишвар дар расонаҳои чинӣ баҳсу баррасӣ шудааст. Дар ин бора ВКХ Тоҷикистон хабар дод.

Аммо гуфта мешавад бозтоби мавзӯи марбут ба марзи давлатии миёни ду кишвар дар расонаҳои Чин боиси нороҳатии Тоҷикистон шуда ва иллати аслии сӯҳбат бо дипломати чиноӣ ҳам ҳамин аст.Вазорати хориҷаи Тоҷикистон  бо  дарназардошти муносибатҳои дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, хостааст ҷонибҳо бояд ҷиҳати роҳ надодан ба интишори ин гуна матолиби ғаразнок дар расонаҳо тадбирҳои лозим андешанд.

Ахиран дар расонаҳои Чин чанд матлабе мунташир шуда ва парда аз рӯи муомилоти ҳукумати Тоҷикистон ва Чин дар мавриди  вогузории 1158 километри квадратӣ аз ҳудуди ВМКБ бардоштанд.

Матлабе бо номи  “ТОҶИКИСТОН БО ХОҲИШИ ХУД ҲУДУДИ ЧИНРО БАРГАРДОНД” ВА “СУФАКӮҲИ ГУМШУДАИ ПОМИР БА СОҲИБАШ БАРГАШТ”- ро, ки ба қалами Чу Йао Лу, журналисти таърихнигор тааллуқ дорад чандин расона ва сомонаҳои чинӣ бознашр кардаанд.

Хулосаи муаллиф ин аст ки ин қисмат таърихан моли Чин буд ва бо гирифтани он ҳақиқати таърихӣ барқарор шудааст. Аз сӯи дигар ин журналист менависад,ки Чин бо вогузории кӯмак ва қарзҳои зиёд дар давраи барои халқи тоҷик душвор тавонист,ки порае аз хоки аз дастрафтаашро баргардонад. Дар ҳоле, ки муаллиф бар ивази кӯмак ва қарз бозпас гирифтани замини Тоҷикистон ва мулҳақ кардани он ба Чинро пинҳон намедорад ҳамчунин ба ҷойи 1100 км.кв,ки ҳукумати Тоҷикистон зикр мекунад рақами дигар 1158 км квадратиро зикр карда мақомоти Тоҷикистонро зери бори хиҷолат ва дурӯғ мегузорад.

Аз ин ҷост,ки Тоҷикистон талош дорад Чин ин масъаларо пинҳон бидорад.Ин ҳам дар ҳоле аст,ки то чанд рӯзи дигар маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ ва довталаби асосӣ нафаре аст ки зери асноди вогузории замин ба Чин имзо гузоштааст.

“Аздо тв” аз сухангӯи Вазорати хориҷии Тоҷикистон, Вафо Ниятбекзода бо суоли катбие пурсид, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистон оиди ин қазия чист ва агар ин даъвои Чин ҳақиқат надошта бошад, пас чаро то ҳол Тоҷикистон аз худ вокунише нишон надодааст? Ниятбекзода бо посухи кӯтоҳ ҷавоб дода гуфт, “ин аст ҷавоби шумо” ва матни хабари мулоқоти муовини вазири хориҷа бо сафири Чинро аз вебгоҳи ин вазорат фиристод, ки дар он муовини вазир, Хусрав Нозирӣ ин даъвои расонаҳои Чиниро рад ва маҳкум накарда танҳо аз сафири Чин хоҳиш кардааст, ки давлати Чин пеши роҳи нашри чунин матолиби муғризонаро бигирад. Чунин вокуниши муҳтотона ва мубҳам шубҳаҳоро дар атрофи ин мавзӯъ бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.