Сироҷиддин Муҳриддин: аз ин ба баъд ҳар рӯз самти Русия ду парвоз сурат мегирад

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз ин ба баъд ҳар ҳафта 14 парвоз байни Тоҷикистону Русия анҷом мешавад. Инро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷа дар нишатсти матбуотии имрӯзааш баён дошт.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли Вазир менависад, ки ҳавопаймоҳои Тоҷикистон минбаъд ҳамарӯза 2 парвоз самти Русия анҷом медиҳанд. Аммо зоҳиран аз таърихи оғози парвозҳо байни ин ду кишвар чизе гуфта нашудааст.

“Сар  аз имрӯз, Тоҷикистон иҷозати амалӣ намудани 2 парвози ҳаррӯза самти Тоҷикистону Федератсияи Русияро гирифт. Минбаъд дар як ҳафта 14 парвоз амалӣ мешавад”, – изҳор доштааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Мвриди зикр аст, ки Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон чанд рӯзи пеш аз мақомоти Русия хоста буд, ки парвозҳои ҳавоии байни ин ду кишвар барқарор карда шавад. Аз ин хабари вазри маълум мешавад, ки Русия ба дархости Тоҷикистон ҷавоби мусбат додааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.

Русия иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кард

Дар пасманзари сахттар шудани қоидаҳои муҳоҷират дар Русия, сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон иттиҳомҳо дар бораи афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷикро рад кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми октябр бо ҳадафи иштирок дар нишасте бо сарони кишварҳои ОМ ба Туркманистон сафар кард.

Ҳушдори марзбони тоҷик ба Толибон: “Аз сарҳади Тоҷикистон хориҷ шавед!”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он гуфтугӯи пуртаниши миёни марзбонони Тоҷикистон ва намояндагони Толибон дида мешавад.