21.9 C
Dushanbe

Лату кӯби як фаъоли шабакаҳои иҷтимоии тоҷик дар Русия

Мақомоти Русия фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Баходур Гиёевро боздошт намуда, мавриди лату кӯби сахт қарор додаанд.

Баҳодур Гиёеви 40-сола, ки бештар бо иштирок дар барномаҳои онлайнии мухолифин шинохта шудааст, зодаи вилояти Хатлон буда, 2 сол мешавад шаҳрвандии Русияро дорад.

Гиёев дар суҳбат бо Аздо тв гуфт, ки бо вуҷуди доштани шаҳрвандии ин кишвар ӯ баъди бозгашт аз ҷойи кораш, аз ҷониби пулиси Санкт-Петербург мавриди бозпурсӣ қарор гирифта, баъдан лату кӯби сахт шудааст.
Баҳодур мегӯяд, вақте дар истгоҳ мунтазири мошини мусофирбар буд, пулис омада аз ӯ ҳуҷҷатҳояшро пурсидааст. Баъд аз тафтиши ҳуҷҷатҳо ба ӯ гуфтаанд, ки биё бо мо ба идора меравем.

Фаъоли шабаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, “вақте аз онҳо пурсидам, барои чӣ бояд бо шумо равам? Як корманди пулис гуфт, ту боз суол медиҳӣ ва ба рӯям як мушт зад, ки дар натиҷа ба замин афтодам ва ӯ маро ба замин афтодан баробар мавриди лату кӯб қарор дод.”

Ба иддаои Баҳодур, ӯро баъд аз лату кӯб дар берун ба мошин савор карда, ба идораи рақами 57-и пулиси Виборский район бурдаанд ва дар роҳ низ дар дохили мошин задаанд.

Гиёев, ки дар чеҳрааш осори шиканҷа дида мешавад, мегӯяд, 2 рӯз дар идораи пулис дар боздошт буд ва аз ҷониби 5-6 корманди пулис мавриди таҳқиру шиканҷа қарор гирифтааст.

Баъд аз берун шудан аз идораи пулис ӯ ба духтур рафта аз муоинаи тиббӣ гузаштааст, ки натиҷаҳои он нишон медиҳад, бинияш шикаста, чанд ҷои баданаш осеб дида, сурху кабут шудаанд.

Баҳодур дар идома гуфт, ӯ чандҷо барои гирифтани адвокат рафтааст то аз болои ғайриқонунӣ боздошту лату кӯб шуданаш ба додгоҳ шикоят барад, вале касе ҳозир нашудааст аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят кунад.

Баҳодур Гиёев ба Аздо тв гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш барои тарс додан аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон фармоиш шуда бошад, чун вақтҳои охир ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди режими Раҳмон ва ноадолатиҳои мақомоти тоҷик фикру назарҳои худро  бепарда ва бебокона мегуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корманди додситонӣ Меҳрона Ноибоваро ба худкушӣ расонд

Меҳрона Ноибоваи 23-сола 4-уми апрели соли ҷорӣ аз истироҳатгоҳи "Чорчаман"-и Дарвоз нопадид гашта, ҷасадаш аз соҳили рӯди Панҷ пайдо шуд.

Бо парчами Фаластин баромадани Ламин баҳсбарангез шуд

Бо парчами Фаластин ҳузур ёфтани футболбози ҷавон Ламин Ямал дар роҳпаймоие баҳсҳои зиёдеро миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва сиёсатмадорон ба бор овардааст.

Русия дар пайи таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ ва сиёсӣ бо Толибон аст

Маскав талош дорад "ҳамкории ҳамаҷониба"-ашро бо ҳукумати Толибонро тақвият дтҳад.

Боздошти як пирамрди 79-солаи рус дар Лаҳистон бо иттиҳоми таҳдид ба амният

Дар Лаҳистон як шаҳрванди 79-солаи Русия, ки дар доираҳои ҷиноятӣ бо номи "Вор в законе" маъруф будааст, боздошт шуд.