22.9 C
Dushanbe

Устопириён аз медал маҳрум шуд

Комроншоҳи Устопириён аз рақиби фаронсавиаш дар Токио-2020 шикаст хурд.

28-уми июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020, мусобиқаи ҷудо дар вазни-90кг баргузор гардид, ки дар он ҷудокори тоҷик Комроншоҳи Устопириён қувваозмоӣ намуд.

Ҷудокори тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бо варзишкори фаронсавӣ Аксел Клергет қувваозмоӣ намуда, шикаст хурд.

Комроншоҳ чорумин варзишгари тоҷик мебошад, ки дар Бозиҳои олимпии Токио ноком шуд. Пеш аз ин муштзани тоҷик, Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Ҳамчунин Сомон Маҳмадбеков, ки дар ду даври мусобиқаи ҷудо дар вазни – 73 кг пирӯз гардида буд, дар даври сеюм аз Рустам Оруҷеви озарбойҷонӣ шикаст хурд. Акмал Муродов ҷудокори дигари тоҷик низ, ки даври аввал ба рақибаш аз Гуам пирӯз омада буд, дар даври дуюм шикаст хурда, аз идомаи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум гардид.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик, Баҳодур Усмонов дар даври аввали мусобиқа, бар ҳарифи худ аз Доминикан пирӯз омада, дар сабқати баъдӣ рӯзи 31-уми июл бо Элнур Абдураимов, варзишгари қирғизтабори узбекистонӣ, рақобат хоҳад кард.

Дигар варзишгарони тоҷик, ки ба Токио рафта буданд, рӯзҳои баъдӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла рӯзи 29-уми июл Сиёвуш Зуҳуров муштзани тоҷик бо рақибаш аз Фаронса, Мурод Алиев қувваозмоӣ хоҳад кард.
30-юми июл ҷудокори дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг куштӣ мегирад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) идома дорад. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо ба даст овардани 11 медали тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷопон бо 11 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва ИМА бо 10 тилло, 11 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.