Ҷузъиёти даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Аз дирӯз то ҳол вазъият дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сахт нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Имрӯз, 25-уми июли соли 2023 манобеи Azda.tv аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯянд, мақомот ва марзбонони кишвари ҳамсоя роҳро ба сӯи Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бастаанд, ва сокинон наметавонанд ба осонӣ ба шаҳри Исфара рафту омад кунанд.

Дар шарҳи ин ҳодиса АМИТ “Ховар” дар истинод ба Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт: 24 июли соли равон, соати 17:30 дар дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дод. Қатораи мошинҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат дошт. Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи «Оқсой» қатори мошинҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ мошини тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз мошинҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад.

Сипас аз мошин берун шуда, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа қисмҳои гуногуни 3 мошин мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд. Баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима дода шуд.

Аммо бархе сокинон мегӯянд, шояд ба сурати муваққат ин муноқиша ҳанӯз ба поён расида бошад, вале дар асл ҳамоно даҳҳо нафар аз мақомот ва марзбонони ҷониби Қирғизистон дар хеле аз минтақаҳои наздисарҳадӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд ва маълум нест, ки ин омодабошии онҳо ба хотири ҳамлаҳои навбатӣ аст ва ё он, ки мақсаду ниятҳои дигаре доранд.

Ба гуфтаи онҳо, пас аз он, ки дирӯз дар ин минтақа задухурде сурат гирифт, хеле аз сокинони минтақаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон аз тарси он, ки мабодо аз нав даргириҳо оғоз ва шиддати ҷангҳо зиёдтар шавад, аз хонаву кошонаҳои худ фирор кардаанд. Аз он сӯи марз бошад, як рӯз пеш аз ин мақомоти Қирғизистон сокинони бархе минтақаҳои ҳаммарзро ба ҷойҳои дигар интиқол дода буданд.

Гуфта мешавад, пеш аз ин байни мақомоти Русия ва Қирғизистон радду бадалҳое сурат гирифта буд ва ба гуфтаи бархе коршиносон ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки дар ноором кардани марзҳо, бахусус байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дасти сеюме ҳам вуҷуд дошта бошад. Зеро, дар ҳоли ҳозир интиқоли маводи мухаддир ба сурати тронзит аз хоки Афғонистон ба тариқи Тоҷикистону Қирғизистон ба дигар кишварҳо хеле кам шудааст ва ин омил, ки дар гузашта борҳо сабаби танишҳои марзӣ шуда буд, ҳоло дигар қариб, ки вуҷуд надорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.