Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.
Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар канали Telegram-и худ аз омода шудани ин лоиҳаи қонун хабар дод ва гуфт, ки Шӯрои Думаи давлатӣ қасд дорад онро дар чаҳорчӯби сиёсати мустаҳкам кардани амнияти ҷамъиятӣ ва тақвияти назорат бар рафтори хориҷиён, рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ баррасӣ намояд.
Володин ҳамчунин хотиррасон кард, ки аз соли 2024 инҷониб дар кишвар 22 қонуни федералӣ қабул шудааст, ки ба сахттар кардани сиёсати муҳоҷират нигаронида шудаанд ва аксарияти онҳо аз ҷониби вакилон пешниҳод гардидаанд.
Гуфта мешавад, ихроҷи муҳоҷирон дар 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, аз ҷумла барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират, тарғиби кӯдакозорӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи нави қонун пешниҳод мекунад, ки ин рӯйхат то 43 модда васеъ карда шавад ва барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаботи кормандони милитсия ё Росгвардия, монеъ шудан ба кори нақлиёт ва инфрасохтор, барои паҳн кардани маводҳои “таҳқиркунандаи ахлоқи ҷамъиятӣ” дар интернет, инчунин ҳар гуна амалҳои оммавие, ки ҳамчун бадномкунии артиши Русия ё даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди ин кишвар арзёбӣ мешаванд, шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ карда шаванд.
Илова бар зиёд кардани асосҳо барои ихроҷ, лоиҳаи қонун барои чандин ҳуқуқвайронкуниҳо ҷаримаҳои гаронтарро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти Русия таъкид мекунанд, ки сахттар кардани тадбирҳо ба баланд бардоштани тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини риояи қонунҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ нигаронида шудааст.
Дар ҳоле вакилони рус мехоҳанд, ки рӯйхати “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро бештар кунанд, ки танҳо Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025 аз ин кишвар 72 000 муҳоҷирро, ки гӯё қонунгузории Русияро вайрон карда буданд, ихроҷ кардааст.
