Хабар УМУМӢ

Варзишгарони тоҷик аз Тбилиси бе медал ба Ватан бармегарданд

Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои “Tbilisi Grand Slam 2022” иштирок доштанд, бе медал ба Ватан бармегарданд. Акс: Интернет Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2022” рӯзҳои 3-5 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тбилиси баргузор шуда, ҳамагӣ 278 варзишгар (173 мард ва 105 зан) аз 36 кишвар ширкат доштанд. Дар ин мусобиқа […]

Варзишгарони тоҷик, ки дар мусобиқаи байналмилалии ҷудои “Tbilisi Grand Slam 2022” иштирок доштанд, бе медал ба Ватан бармегарданд.

Акс: Интернет

Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2022” рӯзҳои 3-5 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тбилиси баргузор шуда, ҳамагӣ 278 варзишгар (173 мард ва 105 зан) аз 36 кишвар ширкат доштанд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 варзишгар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.

Танҳо се варзишгари тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев – натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазнҳои худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд. Бо се ҷои ҳафтум Тоҷикистон дар миёни дигар кишварҳо мақоми 21-умро ишғол кард.

Гурҷистон бо касби 14 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи якум, Фаронса бо 2 медали тилло ва 4 биринҷӣ дар ҷойи дуюм ва Кореяи Ҷанубӣ бо 2 тилло дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.

Мавзӯъҳои марбут