Варзишгарони тоҷик ба Ниммарафони СҲШ мераванд

4 варзишгари тоҷик барои иштирок дар Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба шаҳри Тошканди Узбекистон мераванд.

Ин ниммарафон рӯзи 27-уми март баргузор гардида, дар он варзишгарон аз кишварҳои узви СҲШ ширкат мекунанд.

Фонди ҷоизавии Ниммарафон 138 млн. сум ($12,579) буда, дар доираи ин чорабинӣ, ҳамчунин ба ифтихори ҷашни Наврӯз 4-ум Ниммарафони байналмилалии Тошканд баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, аз кишвари мо Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсидинов, Зулҳиҷа Ғаффорзода ва Раҷабмо Абдуллоева дар ин Ниммарафон ширкат мекунанд.

Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор гардида, соли гузашта шаҳри Душанбе мизбон буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.