Варзишгарони тоҷик ба Тошканд мераванд

Дар мусобиқаи ҷудои “Tashkent Grand Slam 2023” аз Тоҷикистон 13 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.

Мусобиқаи ҷудои “Tashkent Grand Slam 2023” дар пойтахти Узбекистон рӯзҳои 3-5-уми марти соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа 384 варзишгар, 205 мард ва 179 зан аз 52 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 варзишгар, аз ҷумла Шоҳида Қаландарова (то 57 кг) ва Шукрона Қарчиева (то 48 кг) миёни занон намояндагӣ мекунанд.

Дар миёни мардон бошад, аз варзишгарони тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммаҷон Абдуҷалилов (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Иброҳим Элмуродов ва Темур Раҳимов (+100) қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ, аз ҷумла дар баробари медали тилло 5000 евро,  барои барандагони медали нуқра 3000 ва брои медали биринҷӣ 1500 евро дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.