12.9 C
Dushanbe

Вазъи бади озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ва дархости таҳрими мақомдорони тоҷик

Имсол ҳам Тоҷикистон аз санҷиши озодиҳои динӣ нагузашт ва дар радифи кишварҳои “мавриди нигаронии махсус” боқӣ монд.

Комиссияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури озодиҳои динӣ дар гузориши ахираш, ки 28-уми мартисоли ҷорӣ нашр кардааст, вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистонро “бисёр бад” арзёбӣ кард.

Ин ниҳод дар гузориши наваш мегӯяд, “Соли 2024 вазъи озодии динӣ дар Тоҷикистон бениҳоят бад боқӣ монда, Ҳукумат қонунҳои сахтгиронарео татбиқ кард, ки назорат дар умури динӣ аз назорати шадиди даврони Шӯравӣ ҳам шадидтар гашт.”

Фишори мақомоти тоҷик болои шиаҳои исмоилии Тоҷикистонро, ки бештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд, мисол оварда, менависад, ки “Мақомот мусулмонони шиаи исмоилӣ ва дигаронеро, ки аз таъбири мавриди назари давлат—мазҳаби ҳанафии суннӣ—фарқ доштанд, мавриди таъқиб, боздошт, ҳабс ва фишорҳои фаромарзӣ қарор доданд.”

Ҳамзамон дар гузориш аз Ҳукумати Тоҷикистон интиқод шуда, ки бо баҳонаи татбиқи қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” таълими диниро дар кишвар маҳдуд намуда, воридот ва паҳнкунии маводи динӣ, инчунин бақайдгирии масҷидҳо ва таъйини рӯҳониёни мусалмонро зери назорати шадиди худ гирифтааст. Низ гуфта мешавад, мақомдорони кишвар тамоми навъи фаъолияти диниро бидуни сабти расмӣ манъ мекунанд ва иштирокдоронро ҷарима мебанданд.

Комиссияи Амрико дар умури динӣ инчунин аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Саидмукаррам Абдулқодирзода, ки масъулияти назорати умури мазҳабиро дар кишвар бар уҳда дорад, интиқод карда, овардааст, ки ин ниҳод иштироки занон барои намоз дар масҷидҳоро манъ кардааст.

Бар иловаи ин гуфтаҳо, аз “Қонуни масъулияти падару модарон”, ки ба воситаи он мақомоти кишвар рафтани кӯдаконро ба масҷидҳо то 18-солагӣ боз медорад, интиқод шудааст. Ва қайд гардида, ки шахсан худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи июни соли 2024 тағйиротеро ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” тасдиқ кард, ки мутобиқи он, кӯдаконро аз анъанаи идгардак дар идҳои Фитр ва Қурбон маҳрум кард. Ҳамчунин, бо ҳамин тағйирот фурӯш, воридот, таблиғ ва пӯшидани либосҳое, ки “ба фарҳанги миллӣ бегона” шуморида мешаванд, манъ гардид. Дар ҳоле, ки Ҳукумати Тоҷикистон қаблан ҳам тавассути ин қонун маҳдудиятҳое нисбат ба анъанаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла хатнасур, номгузории кӯдакон дар масҷидҳо, тӯйҳо, сафари ҳаҷ ва маросимҳои дафнро шадидан маҳдуд карда буд.

Дар гузориш ба таври махсус зикр мегардад, ки “шахсан худи президент Эмомалӣ Раҳмон мардумро аз адои ҳаҷ рӯҳан дилсард намуда, онҳоро ташвиқ мекунад, ки маблағҳои худро барои лоиҳаҳои иҷтимоӣ сарф кунанд. Илова бар ин, аз довталабони ҳаҷ талаб карда шуд, ки маблағи пардохтро тавассути бонки марбут ба наздикони Раҳмон анҷом диҳанд.”

Ин ниҳоди амрикоӣ ҳамчунин дар гузоришаш қайд карда, ки мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба умури мазҳабии шиаёни исмоилӣ дахолат карда, болои онҳо фишорҳо ва таъқибу боздоштҳоро раво мебинанд.

Дар охир Комиссияи Амрико дар умури динӣ ба ҳукумати ин кишвар дар робита ба Тоҷикистон чунин пешниҳод кардааст:

1. Тоҷикистон дар радифи “кишвари мавриди нигаронии махсус” боқӣ бимонад, зеро он пайваста ба нақзи густурда ва дағалонаи озодии динӣ даст мезанад.

2. Лағви имтиёзҳои ҳукуматӣ. Ҳукумати ИМА бояд аз додани ҳама гуна имтиёз ё лағви ҷазо худдорӣ намояд, то ки Тоҷикистон аз муқаррароти қонунӣ, ки барои кишварҳои мавриди нигаронии махсус пешбинӣ шудаанд, озод набошад.

3. Дар баррасии C5+1 масъалаи озодии динро дохил карда шавад. ИМА бояд дар ҳамаи музокироти минбаъдаи C5+1 (мулоқоти дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бар иловаи Амрико) масъалаи озодии динро матраҳ кунад. Дар ин раванд, зарурати риояи меъёрҳои байналмилалии озодии виҷдон ва эътиқод аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа таъкид карда шавад.

4. Таҳримҳои ҳадафманд алайҳи шахсони масъул. Иёлоти Муттаҳида бояд алайҳи масъулоне, ки ба нақзи шадиди озодии динӣ даст мезананд, аз ҷумла мансабдорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунад. Ин таҳримҳо метавонанд аз манъи вуруд ба ИМА ва масдудсозии дороиҳои молиявии онҳо иборат бошанд.

Ҳамчунин ин ниҳод аз Конгересси Амрико хоста, ки масъалаи озодии диниро дар Тоҷикистон ҳангоми сафарҳои дипломатӣ бо мақомдорони тоҷик ҷиддӣ ба миён гузоранд.

Аммо ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, ин соли аввал нест, ки ниҳодҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ Тоҷикистонро дар масъалаи озодиҳои динӣ дар радифи кишварҳои “нигаронии махсус” ворид мекунанд. Чанд сол аст ин ҳолат идома дорад ва сол то сол вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар бадтар гузориш мешавад. Аммо тааҷҷубовар он аст, ки ин гуна гузоришҳо танҳо дар сатҳи як гузориши расонаӣ боқӣ мемонанду халос ва ҳеч таъсире дошта наметавонанд. Чун на дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ дар мулоқотҳо бо мақомдорони тоҷик ин масъаларо матраҳ мекунанд ва на Тоҷикистон аз фишорҳояш даст мекашад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳукми зиндони чеҳраҳои шинохта бетағйир монд

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова ва ҳашт чеҳраи шинохтаи кишварро бетағйир гузошт.

Маҳдудияти нав дар истифодаи нерӯи барқ

Мақомоти Тоҷикистон барои сокинон дар истифодаи нерӯи барқ маҳдудияти наверо ҷорӣ кардааст.

Давлати Иморот ҳукми эъдоми се шаҳрванди Узбекистонро эълон кард

Додгоҳи кассатсионии шаҳри Абудабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзӣ душанбе, 31-уми март ҳукми эъдоми се шаҳрванди Узбекистонро эълон кард.

Дар бузургроҳҳои Тоҷикистон чанд мошин зери санг монд

Дар ҳафтаи гузашта ба далели боришоти шадид дар минтақаҳои мухталифи кишвар ҳодисаҳои зиёновар рух додааст.