Вазъи саломатии Шамил Ҳакимов дар зиндон бад шудааст

Вазъи саломатии Шамил Ҳакимов, рӯҳонии бузургсоли насронӣ, ки дар Тоҷикистон ба 7,5 соли зиндон маҳкум шудааст, айни замон бад арзёбӣ мешавад.

Сенатори амрикоӣ Марко Рубио дар саҳфаи Тввирии худ дар бораи бад шудани вазъи саломатии Шамил Ҳакимов, рӯҳонии зиндонӣ дар Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки “вай бояд фавран озод карда шавад ва ба хонаводааш бипайвандад.”

Шамил Ҳакимов, яке аз се тан аз раҳбарони “Шоҳидони Яҳво”, як созмони мазҳабии мамнуъ дар Тоҷикистон аст, ки дар моҳи феврали соли 2019 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” боздошт гардида буд.

Гуфта мешавад, Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво”-ро соли 2007 дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ эълон карда буд. Ба дунболи ин қарор Додгоҳи олӣ дар солҳои баъд чандин нафар аъзои ин ҳаракати мазҳабии насронӣ боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Шамил Ҳакимов низ ҳамчун яке аз раҳбарони ин созмон, ки пас аз соли 1992 ба он пайваста буд, 10-уми сентябри соли 2019 дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонад маълумоти бонкии муҳоҷиронро тафтиш кунад

Акнун Хадамоти муҳоҷирати Русия метавонанд мустақлиона ва бо қарор додгоҳ фаъолиятҳои молии муҳоҷиронро тафтиш кунанд.

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.