Вазъи саломатии блогер ва зиндонии сиёсӣ Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) дар маҳбас бад шуда, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Дар ин бора худи ӯ бо навиштани номаи кӯтоҳе аз маҳбас хабар додааст.
Дар ин нома, ки Радиои Озодӣ нусхаашро рӯзи 24-уми феврал дастрас кардааст, Хушом Ғулом навиштааст, ки аз аввали соли 2026 аҳволаш “бисёр бад шудааст” ва баъди ташхис пизишк бидуни гуфтани сабаби пайдо шудани беморӣ гуфтааст, ки бояд ӯ ҷарроҳӣ шавад.
Ҳамчунин ин маҳбуси сиёсӣ, бе ном бурдан аз беморияш гуфтааст, ки он соли 2022 ва пас аз боздошт пайдо шуд ва соли 2023 як ҷарроҳиро аз сар гузаронд.
Аммо дӯстонаш бе зикри ном ба ин расона гуфтаанд, ки “узвҳои таносули Хушом Ғулом осеб дида буданд ва соли 2023 аз ҳамин ҳисоб ҷарроҳӣ шуд”.
Дар ҳамин ҳол Гулғунча Очибековна, модари Хушрӯз нахост бо расонаҳо гап занад ва таъкид ҳам кардааст, ки зидди “навиштани ҳар гуна чизи бефоида” дар бораи писараш аст.”
Ёдовар мешавем, ки блогер ва пажӯҳишгари таърих ва забонҳои помирӣ Хушрӯз Ҷумъаев соли 2022 ҳамроҳи даҳҳо фаъоли дигар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон бо иттиҳоми сохтаи “узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ” боздошт ва ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гашт. Иттиҳомоте, ки худаш ва наздиконаш қабул надоранд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳам ба бегуноҳии ӯ таъкид намуда, борҳо озодияшро талаб карда буданд.
