Маҳмурод Одинаев, зиндонии сиёсӣ ва собиқ муовини раиси ҲСДТ дар зиндон аз дарди сахти сутунмуҳра, фишори хун ва мушкили пешобдон ранҷ мекашад.
Пайвандонаш ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба таври хатӣ муроҷиат кардаанд, то Одинаевро дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат барои табобат ҷойгир кунанд, аммо то ҳол дархости онҳо иҷро нашудааст.
Ҳабибули Ризоев, писари ин маҳбуси сиёсӣ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки падарашро як моҳ пеш дар зиндон дида буд ва ӯ басахтӣ роҳ мегашту аз дарди сутунмуҳра ба по рост истода наметавонист.
Худи Маҳмурод Оданиев низ дар мулоқот аз пайвандонаш хостааст, ки ариза нависанд, то ӯро дар шифохона бистарӣ кунанд.
Пайвандонаш инчунин мегӯянд, ки вазъи Одинаев аз соли 2021 вахим буда, ба ӯ ҳар чанд вақт дору мебаранд.
То ҳол мақомоти Тоҷикистон ба хабари вазъи бади саломатии Маҳмурод Одинаев дар зиндон вокунише накардаанд.
Маҳмурод Одинаев аз замони боздошт то кунун аз саломатияш ҳамеша шикоят кардааст. Ба гуфтаи наздикон, вазъаш то ҳадде бад шуда буд, ки гиряву нола мекард, вале мақомот ба табобати ӯ таваҷҷуҳи ҷиддӣ намекунанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон талаб карда буданд, ки вазъи бади саломатии Маҳмурод Одинаевро ба назар гирифта, режими зиндонашро ба ҳабси хонагӣ иваз кунанд.
Ёдовар мешаем, ки моҳи декабри соли 2020 Маҳмурод Одинаев, собиқ муовини раиси ҲСДТ аз тарафи мақомот дастгир ва бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагун сохтани ҳокимияти конистутсионӣ гунаҳкор дониста, ба 14 соли зиндон маҳкум шуд. Дертар мақомот дар моҳи сентябри соли 2021 Маҳмурод Одинаевро шомили афв карда, аз 14 соли ҳукми зиндони ӯ 3 солашро кам кардаанд. Аммо худи Одинаев афвро напазируфт ва хостори раҳоияш шуда буд.
Маҳмурод Одинаев 20-уми ноябри соли 2020 ва баъди дархости гирдиҳамоӣ нопадид шуд. Ӯро баъд аз ду ҳафта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.
Пеш аз боздошти Одинаев писараш Шайхмуслиҳиддин Ризоев низ боздошт шуда буд. Мақомот Шайхмуслиҳиддинро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва “кӯшиши таҷовуз ба номус” барои 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Пайвандони Маҳмурод Одинаев ӯ ва писарашро бегуноҳ медонанд ва боздошти онҳоро фармоишӣ ва ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Одинаев арзёбӣ мекунанд.