Вазир бо чатру донишомӯз бе чатр дар зери борон. Чаро?

Таҷлили Рӯзи президент дар вилояти Хатлон 14 ноябр 

Дар як ҷамъомади идона бахшида ба “Рӯзи Президент” дар вилояти Хатлон, ки хонандагон дар зери борон намояндагони ҳукуматро пешвоз мегиранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  вокунишҳои зиёдро ба бор овард, вале намояндагони вилояти Хатлон гуфтаанд, ҳеҷ кас дар зери борон набуд.

Дар расмҳои интишор гардида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки бахшида ба “Рӯзи Президент” дар вилояти Хатлон Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири Президент дар умури робита бо ҷомеа, Хайриннисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби ҳокими халқии демократӣ Тоҷикистон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар зери чатр қарор доранд, аммо хонандагон ба пешвозашон дар зери борон суруд мехонанд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ба ҷойи ин хонандагон фарзандони худатон дар зери борон бошанд, чӣ кор мекунед?

Баъди вокунишҳои зиёд, Ҳукумати вилояти Хатлон аксҳои сурудхонии хонандагонро аз саҳифааш пок кард.

Носирҷон Маъмурзода сухангӯйи дафтари матбуоти вилояти Хатлон дар зери шарҳи корбарон навишт, ки “бо тамоми масъулият иброз медорам, ки ягон хонанда дар зери борон қарор  нагирифтааст”.

Ин бори аввал нест, ки масъулони шаҳру вилоятҳо ҳангоми пешвози намояндагони Ҳукумат хонандагонро дар зери барфу борон нигаҳ медоранд, як сол қабл дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дар маросими ифтитоҳи як дорухонаи байторӣ, ки раиси ноҳия Фотеҳ Аминзода ҳузур ёфт, дида мешуд, ки ӯ ва ҳамроҳонаш дар тан либосҳои гарм, вале духтароне, ки онҳоро пешвоз мегирифтанд, бо либосҳои тунук дар сардии ҳаво рост исотодаанд.

Ҳамчунин дар шаҳри Панҷакент ҳангоми пешвоз гирифтани раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар танаш либоси зимистона ва дар сараш кулоҳ дошт, духтарон бо либосҳои тунук пешвоз гирифта буданд.

Ҳамчунин чанд моҳ пештар намояндагони гурӯҳи “Авангард”-ро, ки дар ҳеч мақомоти расмие ба қайд гирифта нашудаанд, дар ноҳияи Зафаробод бо як тантанаи хос пешвоз гирифта буданд, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ воукунишҳои зиёде бархоста буд.

Ёдовар мешавем, ки чунин истиқболҳоро пайваста дар тамоми сафарҳову ифтитоҳи биноҳои нав барои раисҷумҳур Эмомлаӣ Раҳмон низ ташкил мекунанд. Ва ин амал ба як анъана табдил шудаст. Пештар ҳатто як духтараки 4-сола дар ноҳияи Фархор, ки ҳамроҳ бо дигар ҳамсолонаш ба пешвози Президент оварда шуда буд, ба худи Эмомалӣ Раҳмон шикоят карда гуфт, ки дар сардӣ хунук хурдааст. Ӯ дар рӯбарӯи Эмомалӣ Раҳмон бе ягон ибо гуфт, ки бобоҷон хунук хӯрдаам ва пас аз суолу ҷавоб бо ин кӯдак Президент аз мақомот хост то кӯдаконро дигар ба чунин чорабиниҳо ҷалб накунанд.

Аммо то рафт ин анъана дар байни мансабдорони Тоҷикистон бештар доман паҳн мекунад, ки яке аз мисолҳояш пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” аз ҷониби сокинони ноҳияи Зафаробод буда метавонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.