Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пулҷамъкунӣ барои таъмири мактабҳоро, ки аллакай ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст, ғайрқонунӣ хонд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода рӯзи 28-уми июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактабҳо расман манъ аст ва ҳар гуна кумак бояд ихтиёрӣ бошад. Ӯ таъкид кард, ки тибқи низомнома, танҳо шахсони алоҳида ва эҳсонкорон метавонанд ихтиёрӣ маблағ пешниҳод кунанд, аммо ин амал маҷбурӣ нест.
Ин дар ҳоле аст, ки дар тӯли зиёда аз 30 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, падару модарон ҳамасола маҷбур мешаванд барои таъмир мактаб, дастгоҳҳои гармидиҳӣ, фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ, ҳатто барои бур ва пардаи синфхонаҳоимактаб маблағ супоранд. Ҳарчанд мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати маориф ин амалҳоро ҳамеша рад мекунанд, аммо маъмурияти мактабҳо дар кишвар аз падару модарони хонандагон маҷбурӣ ин пулро меситонанд.
Дар шароите, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон серфарзанд ва камбизоатанд, ин навъи пулҷамъкунӣ бори вазнин ба дӯши оилаҳо мегардад ва ҳар сол сабаби эътирозҳо мешавад. Ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, суханони охири вазир дар асл эътирофи ғайрирасмӣ ва дастури мустақими вазорат барои ҷамъоварии маблағ ба ҳисоб меравад, ки то ҳол бе ягон санади расмӣ амалӣ мегардад.
Фасод дар соҳаи маориф аз мушкилоти ҳамешагии ин ниҳод дониста мешавад. Аз кӯдакистонҳо шуруъ шуда, то донишгоҳҳо ва таъйини кадрҳо дар мансабҳои маориф низоми порахоҳӣ, фурӯши баҳо солҳо боз идома дорад. Омӯзгорон аз маоши паст, таълимгоҳҳо аз камбуди таҷҳизот ва хонандагон аз сифати пасти таълим шикоят мекунанд.
Коршиносон мегӯянд, то ришваву фасод ба таври куллӣ решакан карда нашавад, – ки ин амал барои ҳукумати феълӣ ғайриимкон аст – мушкилоти соҳаи маориф бартараф намешавад.
