ВКД Қадами Қурбонро бозпурсӣ кард

25-уми ноябри соли ҷорӣ, Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сарояндаи шинохта Қадами Қурбонро барои суҳбат даъват кардааст.

Сабаби даъват Қадами Қурбон ба ВКД пахш шудани навори рақсҳои зидди ахлоқии ӯ бо рақосаи ансамбли “Падида” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва вокуниши корбарон ба ин амали ӯ гуфта мешавад.

ВКД низ дар иттилоияи расмиаш мегӯяд, барои такрор нашудани чунин “кирдорҳои зидди урфу одатҳои миллӣ” ба ин сароянда огоҳии расмӣ додаанд.

Худи Қадами Қурбон дар изҳорте мегӯяд, ки ин навор дар моҳи октябри соли 2022 дар Варзоб сабт шудаааст ва дар ҳолати “мадҳушӣ” бо рақосаи ансамбли “Падида” Миҷгона зери мусиқии “хатуба” рақсида, аз чаҳорчӯбаи одобу ахлоқ берун баромадааст.

Ӯ барои ин кораш бахшиш пурсида, аз дигар санъаткорон хоҳиш кард, ки даст ба ин гуна корҳо назананд.

Қадами Қурбон яке аз сарояндагони маъруфи солҳои охир дар Тоҷикистон ба шумор рафта, асосан сурудҳои тӯёнаву ҳаҷвӣ месарояд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳояш яке аз сербинандатаринҳост. Эҷодиёти ӯ баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда, бархе аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд ва бархеи дигар сурудҳои ӯро барои надоштани мазмуни хубу ахлоқӣ танқид намуда, борҳо аз Вазорати фарҳанг ва дигар мақомоти кишвар хоста буданд, ки пеши чунин сарояндаҳоро бигиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.