ВКД: Қирғизҳо ба масҷиду мактаб ҳамла карданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дирӯз баъд аз эълони оташбас низомиёни қирғиз ба масҷиду мактаб низ ҳамла карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки баъд аз эълони оташбас “чархболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазанандаи (Қирғизистон) манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти ҷамъиятии Тоҷикистонро ҳадафи ҳамлаи ҳарбӣ қарор додааст, ки дар натиҷа сокинони осоишта ба ҳалокат расидаанд.”

Инчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро “ба аҳдшиканӣ” муттаҳам карда гуфтааст, “16 сентябри соли 2022, тахминан соати 17:20-дақиқа, дар ҷамоати деҳоти «Овчӣ-Қалъача»-и ноҳияи Б.Ғафуров бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишин масҷиди ҷомеъ, ки дар паҳлӯи МТМУ №8 ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача ҷойгир аст, хароб карда шудааст. Ҳамчунин дар ин минтақа даҳҳо хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, марказҳои хизматрасонӣ, нақлиёти ҷамъиятиву шахсӣ мавриди ҳамлаи ҳарбиву низомӣ қарор гирифтааст.”

Пеш аз ин Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳам эълон кардааст, ки имрӯз, 17-уми сентябри соли ҷорӣ то соати 10:00 марзҳои муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон “нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.“

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.