Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки паҳподҳои таҷассусии Қирғизистон ба хотири ҷамъоварии иттилоот борҳо ҳарими ҳавоии кишварамонро таҷовуз кардаанд.
Акс: ИнтернетИмрӯз, 21-уми сентябри соли 2022, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфтааст, ки рӯзҳои 19-20-уми сентябри соли ҷорӣ парвози бесарнишинҳои Қирғизистон дар шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Рашт ва Лахши Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон аз Қиризистон хостааст, ки протоколҳои имзошударо риоя кунад, дар ғайри ин сурат ҳушдор дода мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳам ин иқдомҳои Қирғизистонро ҳамчун омодагӣ барои ҳамлаҳои навбатӣ талаққӣ карда, масъулияти авоқиби он ба дӯши Қириғизистон хоҳад буд.