10.9 C
Dushanbe

Воксинҳое, ки тоза ба Тоҷикистон расиданд, дар баъзе кишварҳо истифодаашро боздоштанд

Баъзе аз кишварҳои дунё истифода аз ваксинаи “AstraZeneca”-ро боздоштаанд.Дар байни ин кишварҳо чанде аз кишварҳои Аврупоӣ ба мисли Фаронса, Олмон ва Итолиё низ ҳаст. Ин се кишвар ахиран дар рӯзи 15-уми март чунин тасмиро гирфтаанд.

Тасмими ин кишварҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки пештар чанд кишвари дигар аз истифодаи ин воксина куллан ё қисман даст кашида буданд аммо ин кившарҳо чанд рӯзи дигар ба гузаронидани ин ваксина идома доданд ва эълом карданд, ки то ба ҳол далеле барои нигаронӣ мушоҳида нашудааст.

Дар ҳоле ки Булғористон ҳануз ҳафтаи гузашта гузаронидани ин ваксинаро мутаваққиф намуд, Утриш эълом дошт, ки қисме аз ин ваксинаро истифода нахоҳад кард.Ҳолланду Ирланд низ раванди гузаронидани ваксинаи AstraZeneca, сохтаи ширкати бритониёӣ-шведиро боздоштанд.

Дар ин бора радиои “Озодӣ хабар дода аст. Данияву Норвегия аз таъсири номатлуби ин дору ба бадан, ба монанди лахташавии хун,хабар додаанд.

Бархе аз кишварҳо изхор  доштанд  ки то баррасии натиҷаҳои санҷиши Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мунтазир хоҳанд монд.Ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълом карда, ки бахши таҳқиқотии ин ниҳод дар ҳоли баррасии натиҷаҳои озмоишҳои вобаста ба “таъсири номатлуб”-и ваксинаи AstraZeneca аст ва ба зудӣ натиҷаҳои онро эълом хоҳад кард.

Интерфакс аз қавли Мудири кулли ин созмон хабар дод, ки  Интизор меравад Коршиносони ин ниҳод рӯзи сешанбе барои баҳс дар мавриди бехатарии ваксинаҳои “AstraZeneca” бар зидди коронавируси COVID-19 нишасте баргузор намоянд.

Дар ҳамин ҳол донишманди аршади ин созмон, Сумя Сваминатан мегуяд кишварҳо бояд ба истифодаи ин воксин идома диҳанд. Ӯ шарҳ дода, ки то ҳол ягон робитаи мустақиме байни ҳолатҳои лахташавиии хун ва эмкунӣ аз ин намуди  воксин ёфт нашудааст.

Бояд гуфт, ки Қарор аст Тоҷикистон дар доираи (COVAX) 730 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека”-ро ройгон ба даст биёрад, ки аллакай 192 ҳазори он ба кишвар расид. Созмони Ҷаҳонии  Беҳдошт  бо 20 дарсад ваксинаи зарурии ройгон Тоҷикстонро таъмин хоҳад кард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 2 миллион воя (доза) ваксинаи зидди коронавирус дархост кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар  8 марти соли равон аввалин бастаҳои ваксинаи зидди вируси COVID-19 ширкати “AstraZeneca” тариқи парвози махсуси “Сомон Эйр” аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон расид.

Бояд гуфт, ки то ҳол Ҳукумати Тоҷикистон вақти ваксиназаниро эълон накардаст, аммо гузаронидани ваксина барои аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида мешавад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон пештар  элом карда буд ки гузаронидани ваксина ихтиёрӣ буда, дар марҳилаи аввал гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синну соли аз 60 сола боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ваксина гузаронида мешаванд.Аммо ин миқдори воксина барои кишвар басанда нест.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ мегуяд боқимондаи ваксинаро бояд Тоҷикистон бихарад. Ба гуфта вазири тандурустӣ, гуфтугӯҳо барои дарёфти ваксинаи русии “Спутник V” идома доранд.

Барои харидории воксин Тоҷкистон аз Бонки ҷаҳонӣ 21,3 миллион доллар маблағҳои бебозгашт ё грантӣ дархост кардааст.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали Вазири молия мегуяд, бо ин маблағ 1 миллиону 800 ҳазор ва ё 20 дарсади дигар аҳолии кишварро метавон бо ваксин фаро гирифт. Аммо масъулон то ҳол нагуфтаанд,ки ваксиназанӣ ройгон сурат мегирад ё на.

То ҳол Бонки ҷаҳонӣ барои харидани ваксина ба Тоҷикистон 3 миллион доллар ҷудо кард, қарор аст 5 миллион доллари дигар ҳам кумак кунад.Ва ахиран мақомоти Чин ҳам ба Тоҷикистон ваксинаи ройгон пешниҳод кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.