Вокуниши Эрон ба гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башар

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эрон аз афзоиши саркӯб, эъдом ва қарор гирифтани поймолкунандаҳои ҳуқуқи инсон дар мансабҳои болотар интиқод кардааст.

Ба

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари махсуси СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон

Гузориши Ҷовид Раҳмон бо вокуниши тунди Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам дар Созмони Миллали Муттаҳид ва ҳам дар дохили ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши Форс, Дафтари намонядагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид дар Ню-Ёрк ин гузориши гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эронро “маъюб” ва “ноқис” хонда гуфтааст, ки гузоришгар дар рафти таҳия гузориш маълумоти худро аксар аз сарчашмаҳои норӯшану муғриз ва мухолифоне, ки бо ҳукумати Эрон мушкил доранд, касб кардааст.

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид карда, ки барои мисол “барои гузоришгар вижа рӯшан кардаем, ки муҷозоти эъдомҳо танҳо барои шадидтарин ҷиноятҳо ва пас аз тайи як фароянди комилан қонунӣ ва мутобиқ бо қавонин эъмол мешавад. Мо барои ӯ равшан кардем, ки ановине монанди мудофиони ҳуқуқи башар ё ба истилоҳ дутобеиятиҳо наметавонад муҷиби масунияти онон ба унвони муҷрим шавад. Талошҳо ва назароти Ҷумҳурии исломии Эрон барои равшан сохтани гузоришгари вижа мутассифона бо бетаваҷҷуҳии вай рӯ ба рӯ шудааст.”

Гуфтанист, Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи башари Эрон таъйин шуда солҳост дар ин мақом кор мекунад, ки вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои пасошӯравӣ ва ба хусус кишварҳои дорои режимҳои худкома ба мисли Тоҷикистон хубтар аз Эрон нест ва дар мақарри ниҳодҳои байналмилалӣ ба мисли СММ ин кишварҳо ҳеч гузоришгари вижае дар умури ҳуқуқи башар надоранд. Эрон ҳам ба ин далел, тахсиси гузоришгари вижа дар хусуси ҳуқуқи башари ин кишварро аз ҷониби СММ дорои ангезаҳои сиёсӣ дониста мегӯяд, ки ҳадаф аз таъйин он камрангтар нишон додани муваффақиятҳои ин кишвар ва барҷаста сохтани камбудҳои он мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.

Даргириҳо дар Яман: ҳар ду тараф аз пешрафт дар ҷабҳаҳо хабар медиҳанд

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати эътирофшудаи Яман ва ҷунбиши Ҳусиҳо дар чанд минтақаи ин кишвар идома дорад.

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.