25.9 C
Dushanbe

Вокуниши корбарон: Кормандони БДА боиси марги 7 нафар шуданд

Ҳалокати 7 нафар дар як садама дар вилояти Хатлон мавҷи вокунишҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, корбарон хоҳони муҷозоти омилони ин ҳодиса шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 21-уми июли соли 2023 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як мошин бо 7 нафар аз роҳ хориҷ шуда, ба даруни рӯдхонаи Ёвонсӯ афтода, ҳама мусофирони он ғарқ шудаанд.

Ин ҳодиса замоне рух дода, ки ронанда баъди аз нисфирӯзӣ ва ё адои намози ҷумъа ба сурати ронандаи таксӣ “як зан бо келинашу бачаҳои хурдаш ва инчунин як сарбоз бо падарашро савор карда бароҳ мебароянд.”

Дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” корбаре бо номи Абдулло Темиров мегӯяд: “Кормандони БДА- ин минтақа онҳоро мехоҳанд манъ карда ҳуҷҷат пурсон шаванд. Ронанда аз тарси ҷарима нашавад, итоъат намекунад. Кормандони БДА бошанд онҳоро таъқиб мекунанд ва дар натиҷа чунин ҳолат рух медиҳад. Ба гуфтаи ин шоҳид (шахсеро ин ҳолатро ба навор гирифтааст) ин ҳодисаро дида кормандони БДА (аз ҷои ҳодиса) ғайб мезананд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи ин иддао, ки кормандони Бозрасии давлатии атомобилӣ (БДА) дар ин ҳодиса муттаҳам мешаванд, то ҳол ба сурати расмӣ шарҳе ироа накардааст, вале корбаре бо номи Саидаҳмад Мираҳмедов гуфтааст: “Албатта, ки ронанда гунаҳкор аст. Лекин нозирони БДА ҳақ надоштанд, вақте ки ронанда ба ӯ итоат накард, аз пасаш давонад. Бояд ки тариқи “рация” пости навбатиро оиди боздоштани ронандаи автомашинаи итоатнакарда бохабар мекард, тамом. Дар ин ҷо сабаби рух додани садама ва ба ҳалокат расидани мусофирон корманди БДА гунаҳкор аст.

Радиои Озодӣ ҳам бо нашри як гузориш аз қавли яке аз шоҳидони ин ҳодиса кормандони БДА-ро дар ин ҳодиса муттаҳам карда, гуфтааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд ба садама дучор шудааст.

Гуфта мешавад, дар навори нашршуда дида мешавад, ки афроди зиёде барои кумак ба онҳо дар дохили рӯдхона ва соҳили он ҷамъ шудаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулъода ҳам гуфтааст, ки ҷасади 4 нафар аз ин мусофирон пайдо шуда, ҷустуҷӯйи дигарон идома дорад.

Дар Тоҷикистон аксари ронандаҳо аз он шикоят мекунанд, ки хеле аз кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ба ҷои он, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳҳоро ба танзим дароранд, ба таври худсарона дар роҳҳо постҳо ташкил мекунанд ва ба ришваситонӣ машғул мешаванд. Муносибати хеле аз кормандони БДА бо ронандаҳо бисёр номуносиб аст. Ба гуфтаи бархе ронандаҳо, милисаҳо тавре рафтор мекунанд, ки гӯё “ронандаҳо аз онҳо қарздор” бошанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия дар Тоҷикистон намояндагии ВКД-и худро боз мекунад

Русия бар асоси як созишномаи дуҷониба тасмим дорад дар Тоҷикистон намояндагии Вазорати корҳои дохилии худашро боз кунад.

Ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон пас аз ҳодисаи куштор дар Хуҷанд

Мақомоти қудратӣ дар вилояти Суғд муҳоҷирони зиёди зодагони Афғонистонро, ки дар ин вилоят кору зиндагӣ мекарданд, ихроҷ мекунанд.

Селҳои харобиовар ба чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон зарар расонд

Бар асари боронгариҳои шадид дар як ҳафтаи охир дар чанде аз минтақаҳои кишвар сел омада, ба аҳолӣ хисороти ҷиддӣ ворид кард.

Узви собиқи ҲНИТ-ро дар Исфара куштанд

ҲНИТ аз куштори фоҷиавии узви собиқаш Содиқов Маннони 61-сола, маъруф ба домулло Абдуманнон хабар дод.