6.9 C
Dushanbe

Вокуниши Муҳиддин Кабирӣ ба иттиҳомоти навбатии мақомот

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки “ман бо камоли масъулият инро рад мекунам, ки ҳеч гуна иртиботе бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода надоштам.”

Имрӯз, 21-уми октябри соли 2022, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар вокуниш ба иттҳомоти тарҳи инқилоб ҳамроҳ бо журналист Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба Azda tv гуфт, “аз ин огоҳ ҳастам, бо камоли таассуф инро хондам, ин як туҳмати навбатии мақомоти Тоҷикистон аст.”  

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон афзуд, мақомоти Тоҷикистон бидуни кудом далел маҷбур мекунанд инсонҳоро, ки таҳти шиканҷа амалҳои нокардаеро ба дӯш бигиранд. Чун иртибот бо як инсон дар саросари дунё ҳеч гоҳ ҷурм ва ҷиноят набуд ва нест ва наметавонад бошад.”

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳатто тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала агар ҷиноят ҳам ҳисоб шавад, ҳеч намуд иртиботе, на овозӣ, на хаттӣ ва ҳатто на аз тариқи дигар афрод бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода банда надоштам ва ҳеч зарурате ҳам набуд.”

Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, “ин чиз ба мантиқ рост намеояд, чӣ гуна як инсоне, ки дар дохили кишвар аст, он қадар бо эҳтиёт рафтор мекард, ва ҳаттор борҳо худаш мавқеи ошкори зидди мо гирифта буд, на танҳо ин, балки дигар блогерҳо ҳам талаб мекарданд, ки опазитсия ба ҳеч ваҷҳ маводҳои онҳоро истифода накунад.”

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар робата ба ин иттиҳомот ва нашри нома гуфт, ки ин баёнгари он аст, ки ҳукумат дар шинканҷа ва таъзиби зиндониҳо ва боздоштшудагон то ҳадди охирин расидааст. Болотар аз ҳама, масалан барои як “лайк” мондан ба кадом шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо инро ҳам ҷурм донистаанд. Ва яке аз иттиҳомот ҳамин аст.

Кабирӣ суол мегузорад, ки агар барои “лайк” ба кудом як шеъри Абдуллоҳи Раҳнамо ҷурм бошад, чаро худи ҳамон шеър шеъри экстримистӣ ва террористӣ эътироф намешавад? Чаро соҳиби шеър ба ҷавобгарӣ кашида намешавад? Албатта, ин ба маънои он нест, ки боз бигӯянд, ки мо даъват мекунем, ки Абдуллоҳи Раҳнамо ва ё кадом шоир ё журналисти дигар, ки мақолаашро касе “лайк” мондааст, ба додгоҳ кашида шавад, на! Манзур ин ҷо дур будани амали мақомот аз мантақ аст.

“Матни шеър нашр мешавад, нашр шудани он ҳеч мушкиле надорад, соҳиби шеър узви таблиғотии ҳукумат аст, аммо агар як нафар омаду онро “лайк” монд, ба хусус агар он нафар касе бошад, ки ҳукуматдорон ӯро ҳадаф гирифтаанд, ин бояд ҷиноят дониста шавад, воқеан ин мантиқ мантиқи бисёр ғалат аст, ҷиноятӣ ҳаст. Ва ман бо камоли масъулият инро рад мекунам, ки ҳеч иртиботе бо Абдусаттор Пирмуҳаммадзода надоштам!”, – мегӯяд раҳбари ПМТ.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз Радиои Озодӣ номаеро нашр кард, ки гуфта мешавад, рӯзноманигори боздоштшуда Абдусаттори Пирмуҳаммадзода онро ба унвони ин расона фиристодааст. Дар он Пирмуҳаммадзода аз дохили зиндон мегӯяд: “Дар навор матни навиштаи кормандони УБОП-и ВКД ҶТ-ро дар бораи онки гӯё бо раҳбари мухолифон Муҳиддин Кабирӣ дар робитаи доимӣ будаму дар Тоҷикистон инқилобе омода мекарда бошем” мебошад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи хазонрез дар ҲНИТ. Боз се узви дигар аз ҳизб канор рафтанд

Дар рӯзҳои аввали соли 2026 се фарзанди маҳбусони сиёсӣ аз узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даст кашиданад.

Дар Амрико як зани 37-сола бо дасти маъмури муҳоҷират кушта шуд

Дар шаҳри Миннеаполиси ИМА дар ҷараёни як амалиёт маъмурони Идораи муҳоҷират ва гумрук (ICE) як зани 37-сола куштанд.

Модар барои куштани духтари сесолааш ба зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Хуросонро барои куштани духтари сесолааш ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Амрико барои додани виза ба шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ кард

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои 38 кишвари дунё додани визаро бо пардохти иловагӣ ҳамчун гаравпулӣ ҷорӣ кард.