Вокуниши ҷомеаи тоҷик ба террори Исмоил Ҳания дар Эрон

Террори Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии ҲАМОС дар сартосари ҷаҳон аз раҳбарони сиёсӣ то мардуми оддӣ вокунишҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст.

Аз ҷумла, корбарони тоҷик дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ дар робита ба ин ҳодиса ибрози назар карда, андешаҳои худро коштаанд. Бархе аз корбарон ҳукумати Эронро айбдор дониста, мегӯянд, ки Исроил ҳар вақт ва ҳар киро хоста, тавониста, ки дар дохили Эрон террораш кунад ва мақомоти истихборотии ин кишвар аз чунин ҳодисаҳо натавонистаанд пешгирӣ кунанд.

Абдулло Давлатов, пизишки маъруфи тоҷик ва муқими Русия дар ин ҳодиса ҳукумати Эронро гунаҳкор дониста, мегӯяд: “Аз рӯзе, ки инҳо худро “ҳомӣ”-и Фаластин эълон кардаанд, масоҳати Фаластин рӯз то рӯз тангтар шуд, муборизони зиёдаш қатл шуданд, худи фаластиниҳо ба ду гурӯҳи оштинопазир тақсим шуданд…”

Ҳамчунин корбаре бо номи Олим Сафолов навишта, ки “Бояд вазорати дифоъу вазорати амнияти Эрон ба ҳабс кашида шаванд. Ин як шармандагист барои як кишваре, ки даъвои бузургӣ мекунад.”

Ва чанд нафари дигар низ ба ҳамин маъно мақомоти Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҳатто натавонист дар пойтахти кишвараш амнияти меҳмонашро ҳифз кунад.

Аммо бархе дигар аз корбарон, ки аз ин интиқодҳо ба хашм омаданд, гуфтугӯро ба сӯи баҳсҳои мазҳабӣ кашондаанд.

Ҷудо аз ин ду назари муқобили ҳам корбарони дигаре бар ин назаранд, ки таваҷҷуҳ ба ҳодисаи кушта шудани раҳбари ҲАМОС барои тоҷикон муҳим нест. Сӯҳроби Рустам менависад, ки “ба мо чӣ? Худо аввало мардуми сарбаланди Тоҷик сиҳату саломат бошад, араб моро чунон кушту кушту кушт, ки нимамон тамом шуд, тамаддуни бузурги аҷдодони моро нест кард, дороиҳои моро бурд, мардуми моро ба ду равия ҷудо карда ҷанг ангехту ҳукумат кард, ки то ҳол мо якдигарро чашми дидан надорем.”

Дар ин миён бархе дигар аз корбарон масъаларо аз нигоҳи сиёсӣ таҳлил кардаанд. Аз ҷумла корбаре бо номи Зайнаб Мансурова навишта, ки “…ҷанг фаросоишӣ шуда, нафас кашидани Ҳания бар зарари сармоягузорони ҷанг буд. Тароҳону сармоягузорони ҷанг гумон намекарданд, ки ҷанг фаросоиши шавад, аммо шуд, барои расидан ба оташбас бояд Ҳаниаро аз байн мебардоштанд….ин сиёсат ҳаст.”

Ёдовар мешавем, ки раҳбари сиёсии ҲАМОС Исмоил Ҳания барои иштирок дар маромиси савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён ба эрон сафар карда буд. Субҳи имрӯз дар пайи як ҳамлаи террористӣ ба ҷои истиқоматаш дар шаҳри Теҳрон Исмоил Ҳания кушта шуд. Аз лаҳзаи ҳамла ангуштҳо ҳама ба сӯи Исроил ишора мешаванд. Аммо мақомоти Исроил то ҳанӯз ин ҳодисаро ба таври расмӣ на такзиб карда ва на таъйид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.