Михаил Горбачёв, собиқ раҳбари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ бар асари бемории тӯлоние дар синни 91-солагӣ дар Русия вафот кард. Акс: Интернет Шоми дирӯз, 30-юми августи соли 2022 Михаил Горбачёв Сергеевич, 8-умин ва охирин раҳбари собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ дар бистари беморӣ ҷони худро аз даст дод. Вафоти ӯ вокунишҳои зиёдеро дар дунё, аз он […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Михаил Горбачёв, собиқ раҳбари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ бар асари бемории тӯлоние дар синни 91-солагӣ дар Русия вафот кард.
Акс: Интернет
Шоми дирӯз, 30-юми августи соли 2022 Михаил Горбачёв Сергеевич, 8-умин ва охирин раҳбари собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ дар бистари беморӣ ҷони худро аз даст дод. Вафоти ӯ вокунишҳои зиёдеро дар дунё, аз он ҷумла дар байни тоҷикистониҳо низ ба бор овардааст.
Фаъолони сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик вобаста ба шинохт ва бардоштҳои худ аз корномаи “меъмори бозсозӣ” дар солҳои 1985-1991 дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи марг ва корномаи ӯ матолиби мухталифе нигоштаанд ва дар маҷмуъ метавон афкори онҳоро ба се гурӯҳ тақсим кард:
а) Дар гурӯҳи аввал асосан онҳое дохил мешаванд, ки бо сароҳат аз шаҳомат ва барномаҳои кории Михаил Горбачёв, ки мунҷар ба барҳам хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сосиалистӣ ва истиқололи 15 давлати узви он гардид, биноан аз ӯ ситоиш мекунанд.
б) Дар гурӯҳи дуввум аксар он идда аз русгароҳое шомил мешаванд, ки аз як нигоҳ, калонсолу аз сӯи дигар шефтаи низоми коммунистӣ ва як замоне ҳам муътақид ба он буданд, ки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ то абад боқӣ хоҳад монд, ба ин хотир аз вай танқид мекунанд.
в) Гурӯҳи сеюм, бо шумули президент Эмомалӣ Раҳмон ва дар асл онҳое ҳастанд, ки аз фурсатҳои фароҳам овардаи Михаил Горбачёв Сергеевич дар таъмин ва туҳфа кардани истиқлоли давлат то тавонистанд ба нафъ ва ё бар зарири мардум кор карданд, вале акнун пас аз маргаш бо ирсоли тасаллиятномаҳои хушку холӣ аз таърифу танқид аз худашон дарак дода, хитоб ба пайвандони вай мегӯянд, “дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем.”
Бо ин вуҷуд, иддае ҳам вуҷуд дорад, ки ҳама бадбахтиҳо ва нокомиҳои худ дар замони 31 соли истиқлолро дар ватанашон бар дӯши Михаил Горбачёв партофта, борони танқиду ҳақоратҳоро низ болои ӯ раво донистаанд. Аз нигоҳи камият, афроди ин гурӯҳ, аз се гурӯҳи асосӣ, ки пештар дар бораи онҳо ишора шуд, теъдодашон зиёдтар аст. Ҷамъи онҳо асосан аз оммаи мардуми меҳнаткаше аст, ки дар ин 30 соли ахир аз ҳукуматдорони худ ҷабру зулми зиёд дидаанд.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.