Фаъолияти WhatsApp дар саросари ҷаҳон беш аз як соат қатъ шуд
Имрӯз, 25 октябри соли 2022, дар аксари кишварҳои дунё корбарони WhatsApp шикоят карданд, ки ин паёмрасон ногаҳон аз кор мондааст. Акс: Интернет Бино ба иттилои пойгоҳи “Downdetector“, (ин пойгоҳ фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро назорат ва аз қатъи фаъолияташон гузориш медиҳад), WhatsApp аз соати 8:40 ба вақти Бритониё дар саросари дунё аз фаъолият боз мондааст. […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Имрӯз, 25 октябри соли 2022, дар аксари кишварҳои дунё корбарони WhatsApp шикоят карданд, ки ин паёмрасон ногаҳон аз кор мондааст.
Акс: Интернет
Бино ба иттилои пойгоҳи “Downdetector“, (ин пойгоҳ фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро назорат ва аз қатъи фаъолияташон гузориш медиҳад), WhatsApp аз соати 8:40 ба вақти Бритониё дар саросари дунё аз фаъолият боз мондааст.
Таврк шабакаи “SkyNews” хабар медиҳад, масъулини платформа Мета, ки молики WhatsApp аст, гуфтаанд, мо аз мушкили ба вуҷудомада огоҳ ҳастем ва талош дорем ҳарчи зудтар ин мушлиро бартараф кунем. Аммо иллати ин мушкилӣ гуфта нашудааст.
Бо қатъ шудани бештар аз як соат ин паёмрасони ҷаҳонӣ дигарбора фаъол шуд.
WhatsApp як барномаест, ки ба Meta тааллуқ дорад. Ин барнома ба корбар имкон медиҳад паёмҳо, зангҳо, аксҳо, видеоҳо, ҳуҷҷатҳо ва паёмҳои овозиро ирсол ва қабул кунед.
Ин паёмрасон яке аз маъмултарин платформаҳои паёмрасонӣ буда ва мақараш дар Бритониёи Кабир аст. Шумори корбарони фаъоли ин паёмрасон дар саросари ҷаҳон беш аз ду миллиард гуфта мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.