Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.
10-уми апрели соли ҷорӣ, Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдусаттор Қодирӣ, раиси шаҳри Истаравшан бинои нави СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии ЯТ9/5-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ карданд.
Гуфта мешавад, ки бинои куҳнаи боздоштгоҳ дар маркази шаҳр, дар поёни Қалъи Муғ ҷойгир буда, аз 100 сол ҳам пештар сохта шуда будааст ва он ягона СИЗО дар Истаравшан мебошад ва ҳоло онро ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол, даромадгоҳи ин шаҳр кӯчонидаанд.
Парвизҷон Зафарзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан 13-уми апрели соли ҷорӣ, ба “Азия-плюс” гуфта, ки присари яке аз соҳибкорони шаҳр ҷиноят содир карда, боздошт шуда буд ва ин соҳибкор вақте ба “СИЗО” меояд, шароиташро мебинад, тасмим мегирад, ки як бинои нави боздоштгоҳ бо тамоми шароиташ бунёд кунад.
Зафарзода эътироф кардааст, ки аз сабаби куҳнагии бино ва намнокии зиёд, гирифторӣ ба сил миёни боздоштшудаҳо зиёд шуда буд ва дар назар аст, ки давоми ҳафта боздоштшудагонро ба бинои нав, ки бо фарши гарм ва тамоми шароити лозима муҷаҳҳаз аст, кӯчонанд.
Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Истаравшан ба ҷойи бинои пештараи боздоштгоҳи муваққатӣ бинои баландошёна сохта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд буда, зиёда аз 15 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои кишвар адои ҷазо мекунанд. Вале омори онҳое, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳдорӣ мешаванд, маълум нест.
Пайвандони маҳбусону боздоштшудаҳо борҳо аз шароити бад ва бадрафторӣ дар муаасисаҳои ислоҳӣ ва зиёд будани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон шикоят кардаанд. Аммо мақомот ин шикоятҳоро ҳамеша нодида гирифтааст ва ба қавле худи сокинон маҷбур шудаанд, шароити наздиконашонро бо таъмини хӯроку доруворӣ ва ҳатто бо сохтани биноҳои нави зиндону боздоштгоҳҳо беҳтар созанд.
