Заминларза дар Тоҷикистон

Заминларзаи беш аз 3 балие ба миқёси Ҷадвали Рихтер шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳру навоҳии атрофи онро такон дод.

Субҳи имрӯз, 13-уми декабри соли 2022 Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба расонаҳо хабар дод, ки соати 06:50 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Гуфта мешавад, маркази ин заминларза дар километри 14-уми ҷануби Душанбе ҷойгир будааст. Тибқи Ҷадвали Рихтер шиддати он дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дода, то ҳол ҳеч гуна талафоте дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.