Як зани 45-солаи тоҷик ба фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти вежаи кормандони ин ниҳод, як шабакаи эҳтимолии ҷалби занони ҷавон ба танфурӯшӣ ошкор ва мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, як зани 45-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён дар ҳамоҳангӣ бо ҷиянаш — зани 28-сола, аз соли 2023 ба ин сӯ нақшаи пайдо ва фиреби занони ҷавонро тарҳрезӣ кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо бо истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва вазъи душвори иқтисодии бархе аз занон, бо ваъдаи кори сердаромад ва “зиндагии беҳтар” онҳоро барои сафар ба шаҳри Москва ҷалб мекардаанд.
Гуфта мешавад, ин ду нафар дар наздикии истгоҳи метрои Селигерская дар шаҳри Маскав ҳуҷраҳое чанд утоқеро ба иҷора гирифта, фаъолияти худро аз ҳамон ҷо роҳандозӣ кардаанд. Ба иттилои ВКД, занони ҷалбшуда пас аз рафтан ба Маскав зери раҳбарии зани 28-сола қарор гирифта ва даромадашон таҳти назорат қарор мегирифтааст.
Бар асоси ин хабар, соли 2023 зани 45-сола дар шаҳри Бохтар бо ҷавонзани 24-сола вохӯрда, бо истифода аз вазъи осебпазири иҷтимоии ӯ, пешниҳод кардааст, ки барои “беҳтар кардани шароити зиндагияш” ба Москва равад.
Айни ҳол нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад. Мақомот ҷузъиёти бештарро нашр накардаанд ва аз ҳувияти асосии занон ҳам ном бурда нашудааст. Инчунин маълум нест, ин зани 45-сола боздошт шудааст ё на.
Коршиносон бар онанд, ки чунин ҳолатҳо баёнгари шароити сахти иқтисодии хонаводаҳо, аз ҳам пошидани оилаҳои ҷаовн, ки одатан пас аз ҷудо шудан аз шавҳарҳояшон бори гарони зиндагӣ ба дӯши онҳо меафтад, мебошад. Ва дар чунин шароити сахт ва набудани дастгирии иҷтимоӣ ин гурӯҳҳо осебпазир буда, ба доми ваъдаҳои бардурӯғ меафтанд.
