Хабар УМУМӢ

Занозании муҳоҷирон дар Маскав

10-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Русия занозании калон байни муҳоҷирон сурат гирифтааст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба шуъбаи шаҳрии ВКД хабар медиҳад. Акс: Интернет Дар ин занозанӣ на кам аз 10 муҳоҷир ширкат карда, дар он аз “битаҳо” ва “чӯбҳо” истифода шудааст. Аксари иштирокчиёни занозанӣ то омадани пулис тавонистаанд пароканда шаванд, […]

10-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Русия занозании калон байни муҳоҷирон сурат гирифтааст. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба шуъбаи шаҳрии ВКД хабар медиҳад.

Акс: Интернет

Дар ин занозанӣ на кам аз 10 муҳоҷир ширкат карда, дар он аз “битаҳо” ва “чӯбҳо” истифода шудааст. Аксари иштирокчиёни занозанӣ то омадани пулис тавонистаанд пароканда шаванд, вале пулис ду нафари онҳоро боздошт кардааст.

Аммо дар хабар гуфта нашудааст, ки иштирокчиёни ин зоназанӣ аз кадом кишваранд.

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 213 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия парванда боз шуда, бо кадом сабаб сар задани муноқиша ва шахсияти ҳамаи иштирокчиёни задухӯрд мушаххас карда мешавад.

Мавзӯъҳои марбут