Зас Афғонистонро барои Тоҷикистон манбаи хатар номид

Созмони Паймони аҳдномаи дастаҷамъӣ муътақид аст, ки Афғонистон барои Тоҷикистон ҳамчун як манбаи хатар арзёбӣ мешавад.

Дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) Станислав Зас мегӯяд, аз баски Афғонистон барои кишварҳои узви ин созмон асосан барои Тоҷикистон, ҳамчун як манбаи хатар аст, “мо ба таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳем.”

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд, амалан “дар ҳоли ҳозир хатари ҳамлаи мустақим аз Афғонистон вуҷуд надорад, аммо чолишҳое, ки қаблан буданд, ба мисли таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ боқӣ мондаанд”.

Бинобар ин Зас анҷоми кор дар тарҳи “Барномаи мақсадноки байнидавлатии СПАД барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон”-ро муҳим хондааст. Ин нуктаро вай зимни нишасти хабарӣ бахшида ба натиҷаи фаъолияти СПАД дар соли 2022 ва натиҷаи иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар Ереван изҳор дошт.

Дабири кулли СПАД дар ҳоле Афғонистонро манбаи хатар барои Тоҷикистон меномад, ки ҳукумати кишвар барои таҳкими марз бо Афғонистон аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Русияву Хитой ва дигар кишварҳову созмонҳо техника ва маблағҳои ҳангуфте ба даст овардааст.

Инчунин Станислав Зас дар ин нишаст аз низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон гуфт ва таъкид кард, ки СПАД дар ҳолати зарурӣ дар ҳалли муноқишаи марзии ду кишвар кумак хоҳад кард.

Зас ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи пайвастани аъзои нав ба СПАД матраҳ нест ва таъкид кардааст, ки “Мо бояд на барои миқдор, балки барои сифат кор кунем”.

Дар ҳамин ҳол, дар ин нишаст Дабири кулли СПАД гуфт, корҳо барои таҳкими ҳамкориҳо бо Чин идома доранд. Аммо дар бораи чӣ гуна ҳамкорӣ хабар дода нашудааст.

Гуфта мешавад,  се соли фаъолияти Станислав Зас ба ҳайси Дабири кулли СПАД аввали моҳи январи соли 2023 ба анҷом мерасад ва ба ҷойи ӯ Имангали Тасмагамбетов, собиқ сарвазир, вазири дифоъ ва раиси шаҳрҳои Остона ва Алмаато ба кор меояд.

СПАД соли 1992 таъсис ёфта, шаш давлат – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба ин созмон шомиланд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.