Додситонӣ иттиҳоми Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзодаро эълон кард

Имрӯз 15-уми июл намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон Шариф Қурбонзода иттиҳоми рӯзноманигорон Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро эълон кард.

Ба гуфтаи ин мақоми додситонӣ Завқибек Саидаминӣ барои “ҳамкорӣ бо ҲНИТ ва Гурӯҳи 24” ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “барои итоат накардан” боздошт кардаанд. Айбҳое, ки ба иттиҳомоти эълоншуда бар зидди Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ шабоҳат доранд.

Ин масъули додситонӣ гуфтааст, ки  Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли соли ҷорӣ боздошт ва алайҳаш бар асоси қисми 2-и моддаи 307 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

Завқибек Саидаминӣ борҳо дар суҳбатҳояш гуфтааст, ки ба ҳеч созмону гурӯҳҳо ҳамкорӣ надорад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Қурбонзода ҳамчунин гуфтааст, ки рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 9-уми июл бо иттиҳоми “итоат накардан” ба талаботи кормандони милитсия боздошт шуда, бо қарори додгоҳ то рӯзи 19-уми июл ба ҳабс гирифта шудааст.

Масъулини додситонии кул гуфтанд, нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода “маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, қарори ниҳоӣ қабул нашудааст.”

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Завқибек Саидаминиро ҳамроҳи як ҳамсинфаш, шоми 8-уми июли соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ҳангони шустани мошинашон аз назди як маркази шустушӯи нақлиёт дар шаҳри Душанбе боздошт карда, ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат бурдаанд.

Инчунин мақомот дар рӯзи иди Қурбон, 9-уми июли соли ҷорӣ рӯзноманигор ва блогери шинохта Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро низ боздошт карданд.

Пештар аз ин, рӯзи 7-уми июл Пирмуҳаммадзодаро чанд соат бозпурсӣ карда, ҳушдор дода буданд, ки танҳо дар масоили сайёҳӣ ва таърихӣ нависаду дар бораи бозпурсияш чизе ба расонаҳо нагӯяд. Баъд аз он омада, хонаашро кофтукобу телефонашро мусодира карда буданд.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, баъд аз нашри хабари бозпурсӣ ва кофтукоби хонаи рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, боз ӯро даъват карда, гуфтаанд, чаро забонхат додӣ, аммо бо Радиои Озодӣ боз суҳбат кардӣ? Ӯ гуфтааст, суҳбат накардам, баъд аз он ҷавобаш доданд.

Шояд мақомот ҳамин нашри хабари кофтукоби хона ва мусодираи телефони Пирмуҳаммадзодаро баҳона оварда, ӯро боздошт кардаанд.

Боздошти рӯзноманигорон Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Зақибек Саидаминӣ дар пайи боздошту фишор болои рӯзноманигорон сурат мегирад.

Дар ин чанд моҳи ахир мақомот фаъолон ва рӯзноманигорон Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон), Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом),  Улфатхоним Мамадшоеваро низ боздошт кардаанд.

Инчунин ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 14-уми июл Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) бо нашри баёнияи расмӣ, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки дар бораи куҷо будани рӯзноманигорон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода маълумот дода, фавран онҳоро аз боздошт раҳо кунад.

Бунёди “Бузургмеҳр, ки аз ҷониби пайвандону наздикони маҳбусони сиёсии тоҷик дар Аврупо таъсис ёфтааст, бо нашри баёнияе боздошту бозпурсии рӯзноманигоронро “худсарона ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон” хонда, раҳоии онҳоро талаб карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.