Як ҷавони бадахшӣ барои шикасти зулму ситам номзадиашро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

Иргашов Фаромӯз, акс аз навори видеоӣ

Иргашов Фаромӯз, як ҷавони ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ номзадиашро ба интихоботи президентии 11 октябр пешбарӣ кард. Ин ҷавон 2 сентябр бо нашри муроҷиати видеоӣ дар шабакаи Ютуб аз ин иқдомаш хабар додааст ва сомонаи “Ахбор” онро нашр кард.

Ӯ оиди ин тасмимаш мегӯяд, давоми 7 соли корияш ҳамчун ҳимоятчии ҳуқуқи шаҳрвандон дар шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии ВМКБ зиёд беадолатиҳоро дар мурофиаҳои судӣ ва зулму ситам аз ҷониби мақомоти қудратӣ нисбати шаҳрвандон мушоҳида кардааст ва мехоҳад бо иштирокаш дар интихобот ҳукуматро аз фасоду фасодкорон пок созаду зулму ситами мақомотро аз байн барад.

Ба гуфтаи Эргашов, аксари кормандони давлатии имрӯза ба фасодкорӣ машғуланд ва ҳокимиятро барои худ ҳамчун хонаи истиқоматӣ кардаанду касеро ба он ворид шудан намемонанд. Ӯ меафзояд: “ҳокимиятро бояд аз чунин одамон тоза намуд. Ин гуна кормандони давлатии фасодкор набояд дар давлат кор кунанд”.

Ин ҷавон дар суҳбати худ гуфт, ки касе ва ё гурӯҳу ҳизберо намояндагӣ намекунад ва худпешбар аст. То ҳол 38 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намудааст ва барои ба қайдгирии номзадияш аз мардум хост ӯро дастгирӣ намоянд то имзоҳои заруриро, ки 250 ҳазор аст, ҷамъоварӣ намояду номзадияшро ба қайд гирад.

Дар шабакаи иҷтимоӣ зери ин навор шарҳҳои зиёде навишта шуда, баъзеҳо ба ин ҷавон маслиҳат додаанд, ки аз ин рӯз ба баъд бояд бо муҳофизи шахсӣ гашту гузор кунад, чун ин ҷуръатро ҳукумати Тоҷикистон қабул намекунад ва шахси худпешбар эҳтимол зиндонӣ мешавад ва ё зери таъқибу фишори мақомот қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки корманди давлатии ҷавон ва норозӣ аз низоми имрӯзаи ҳукумат ба тариқи худпешбар номзадиашро ба интихоботи президентӣ пешбарӣ менамояд. Коршиносон мегӯянд, ин таҷрибаи аввал аст ва эҳтимоли пирӯзшавии чунин худпешбарҳо дар интихоботҳои Тоҷикистон бисёр заиф аст ва ҳатто мешавад гуфт, қариб ки номумкин аст.

Анвар Иброҳимиён, коршиноси масоили сиёсӣ дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт, “Агарчи дар Тоҷикистон қонун иҷозат медиҳад, ки ҳар ҷавони 30-сола бо шарти 10 соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан ва боз шартҳои дигар метавонад номзадиашро ба интихобти президентӣ пешбарӣ кунад, аммо дар воқеият ин амалишаванда нест. Ин қонун танҳо барои писари худи Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ метавонад татбиқ шавад. Шахсоне, ки берун аз доира ва фармони мақомот номзадиашонро пешбарӣ мекунанд, на танҳо дар интихобот ғолиб намеоянд, балки барои шахси пешбар низ авоқиби чандон хубе надорад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.