Ширкати TALCO Gold эълон карда, ки ният дорад ҳаҷми истеҳсоли сурмаро то 18 ҳазор тонна дар як сол расонад. Агар ин нақша амалӣ шавад, Тоҷикистон метавонад мавқеи худро дар бозори ҷаҳонии ин филизи муҳим мустаҳкамтар кунад. Сурма дар истеҳсоли батареяҳо, электроника, саноати ҳарбӣ ва дигар бахшҳои стратегӣ истифода мешавад ва талабот ба он дар солҳои охир меафзояд.
Истеҳсоли бештар маънои содироти бештар, ворид шудани асъори хориҷӣ ва рушди саноатро дорад. Мақомот низ одатан чунин хабарҳоро ҳамчун нишонаи пешрафти иқтисоди миллӣ муаррифӣ мекунанд. Дар назари аввал, ин хабар воқеъан як дастоварди иқтисодӣ ба назар мерасад.
Аммо таҷрибаи чунин “дастовардҳо” дар солҳои гузашта суолро метавонад эҷод кунад, ки афзоиши истихроҷи маъданҳо то чӣ андоза ба зиндагии мардуми оддӣ таъсир мерасонад? Тоҷикистон дорои захираҳои бойи тилло, нуқра, сурма ва дигар канданиҳои фоиданок аст. Бо вуҷуди ин, дар бисёр минтақаҳое, ки ин сарватҳо истихроҷ мешаванд, мардум ҳамоно бо мушкилоти иҷтимоӣ, бекорӣ, камбуди инфрасохтор ва сатҳи пасти хизматрасониҳои давлатӣ рӯбарӯянд.
Аз тарафи дигар, маъодини истихроҷшуда дар Тоҷикистон ҳамчун маҳсулоти хом содирот мешавад, ки фоидааш бисёр кам аст. Дар ҳамин ҳол, ба ҷои худи Тоҷикистон дар кишварҳои воридоткунада ҷои зиёди корӣ меофарад.
Суоли дигар ба шаффофияти соҳа марбут аст. Ҳаҷми истеҳсолро эълон кардан муҳим аст, аммо ҷомеа ҳамчунин мехоҳад бидонад: аз ин афзоиш буҷаи давлат чӣ қадар даромади иловагӣ ба даст меорад? Чанд ҷойи кори нав таъсис дода мешавад? Чӣ қисми фоида барои рушди минтақаҳои истихроҷи маъдан равона хоҳад шуд? Инҳо суолҳоеянд, ки одатан дар канори хабарҳои расмӣ посухи равшан намеёбанд.
Масъалаи муҳити зист низ набояд нодида гирифта шавад. Истихроҷ ва коркарди сурма метавонад ба табиат таъсири ҷиддӣ расонад, агар меъёрҳои экологӣ пурра риоя нашаванд. Аз ин рӯ, афзоиши истеҳсол бояд ҳамзамон бо назорати мустақили экологӣ ва масъулияти иҷтимоии ширкатҳо ҳамроҳ бошад.
Албатта, рушди саноати кӯҳӣ барои иқтисоди Тоҷикистон имконияти муҳим аст. Аммо арзиши воқеии чунин лоиҳаҳо на танҳо бо ҳазорҳо тонна маҳсулоти истеҳсолшуда чен карда мешавад. Меъёри асосӣ он аст, ки оё сарватҳои зеризаминӣ ба беҳтар шудани зиндагии шаҳрвандон, рушди минтақаҳо ва иқтисоди устувори кишвар табдил меёбанд ё не. Агар ҷавоби ин савол мусбат бошад, афзоиши истеҳсоли сурма воқеан дастоварди миллӣ хоҳад буд. Агар не, мардум ҳақ доранд бипурсанд: сарвати табиии кишвар ба нафъи кӣ бештар хизмат мекунад?
