Муовини раисҷумҳури ИМА Исроилро ба талоши тӯлонӣ кардани ҷанг бо Эрон муттаҳам кард

Муовини раисҷумҳури ИМА Ҷей Дӣ Вэнс изҳор дошт, ки бархе аз сохторҳо дар Исроил талош мекунанд ба афкори умумии Амрико таъсир гузоранд, то гуфтушунидҳои Вашингтон бо Эронро барҳам зананд ва ба идомаи ҷанг даст ёбанд.

Ӯ ин матлабро дар мусоҳиба бо Ҷо Роган баён дошт.

Баҳона барои изҳороти ӯ нашри мақолае дар маҷаллаи “Time” гардид, ки дар он гуфта мешуд, роҳбари собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп — Брэд Парскейл дар як маъракаи иттилоотии аз ҷониби ҳукумати Исроил маблағгузоришаванда ширкат доштааст.

Тибқи гуфтаи ин нашрия, ҳадафи расмии лоиҳа мубориза бо антисемитизм (яҳудиситезӣ) дар интернет буд, аммо яке аз манбаъҳои ин расона изҳор дошта, ки дар асл ин маърака ба он равона шуда буд, то аз афзоиши рӯҳияи зиддиисроилӣ дар байни ҷонибдорони ҷавони ҳаракати MAGA пешгирӣ карда шавад.

Ба гуфтаи Вэнс, ширкаткунандагони ин маърака ӯро барои талошҳояш ҷиҳати ба даст овардани ҳалли дипломатии муноқиша бо Эрон шадидан танқид мекарданд.

«Вақте ки ман маҷаллаи “Time”-ро варақ мезанам ва мебинам, ки як маъракаи нуфузи хориҷӣ бо ҳадафи барҳам задани созишномае, ки ман рӯи он кор мекардам, маблағгузорӣ мешавад ва нафароне, ки ин пулҳоро мегирифтанд, ба ман ноҷавонмардона ҳамла мекунанд, посухи ман оддӣ аст: ба ҷаҳаннам биравед. Ман он чизеро хоҳам кард, ки барои мардуми Амрико дуруст меҳисобам. Пеш аз ҳама, ман намояндаи амрикоиҳо ҳастам», — изҳор дошт муовини раиси ҷумҳур.

Ӯ таъкид кард, ки кишварҳои хориҷӣ пайваста кӯшиш мекунанд ба сиёсати Амрико таъсир расонанд.

«Исроил ин корро мекунад. Кишварҳои дигар низ ин корро мекунанд», — гуфт Вэнс.

Дар ҳамин ҳол, ӯ афзуд, ки қабули чунин таъсирро, вақте ки он ба муайян кардани қарорҳои раҳбарияти Амрико шурӯъ мекунад, нораво медонад.

Вэнс инчунин изҳор дошт, ки ба андешаи ӯ, «баъзе одамон дар дохили низоми Исроил» кӯшиш мекунанд афкори умумиро дар ИМА тағйир диҳанд, то ҷанг бо Эрон ҳарчи бештар тӯл кашад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳи Австрия дархости истирдоди Шавкати Муҳаммадро баррасӣ мекунад

Додгоҳи ҷиноии шаҳри Вена қарор аст рӯзи 5 август...

Гуфтушуниди се кишвари порсизабон дар бораи ҳамкориҳои транзитӣ

Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар нишасти сеҷониба, роҳҳои густариши...

Чаро Омбудсмен аз посух ба суолҳо дар бораи шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ мегурезад?

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен боз ҳам...

Дар ним соли 2026 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохтанд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 бар асари офатҳои...