Раиси як хоҷагии деҳқонӣ барои куштори ду нафар ба ҳабси абад маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд раиси як хоҷагии деҳқониро барои куштори ду ҳамдеҳааш гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод.

Тибқи иттилои мақомот, Хуршед Мавлонов, раиси як хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо ҳукми додгоҳ ба адои ҷазо дар зиндони низомаш махсус маҳкум шудааст. Ҳукм аввали моҳи июли соли ҷорӣ содир гардидааст.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳодиса рӯзи 27 апрели соли 2026 рух додааст. Гуфта мешавад, Хуршед Мавлонов дар пайи баҳси молу мулк бар сари бошишгоҳи саҳроӣ ду ҳамдеҳаи худро бо истифода аз силоҳи оташфишон парронда, ба ҳалокат расондааст.

Мавлонов пас аз ҳодиса боздошт шуда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз гардид. То ҳол маълум нест, ки худи ӯ ё вакилони дифоъ аз болои ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд ё не.

Таъйини ҷазои ҳабси абад барои ҷинояти куштор дар Тоҷикистон нисбатан кам рух медиҳад ва чунин ҳукмҳо маъмулан дар парвандаҳои вазнин содир мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазири хориҷаи Уммон Исроилро манбаъи хатар барои Халиҷи Форс номид

Бадр ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон гуфтааст “хатарноктарин...

Даргузашти як муҳоҷири тоҷик дар Олмон

Муҳоҷирони тоҷик дар Олмон аз даргузашти як ҳамватани худ...

Испания бо шикасти Фаронса ба финали Ҷоми ҷаҳонии 2026 роҳ ёфт

Дар нахустин бозии нимфиналии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026, ки...

Вазорати маориф аз манъи пулситонӣ дар мактабҳо мегӯяд, аммо шикояти волидон идома дорад

Бо вуҷуди он ки волидони хонандагон ҳамоно аз ҷамъоварии...