Дар мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки фардо оғоз мешавад, аз Тоҷикистон 11 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард. Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи КМОТ Мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022” дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзҳои 21-23-уми октбри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазнӣ байни […]
Фирӯзи Ҳаит· Рӯзноманигор ва муҷрӣ· Ба дигарон фирист
Дар мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки фардо оғоз мешавад, аз Тоҷикистон 11 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.
Акс: ИнтернетАкс аз сомонаи КМОТ
Мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022” дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзҳои 21-23-уми октбри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазнӣ байни мардон ва занон) 430 варзишгар аз 66 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар, аз ҷумла Шоҳида Қаландарова (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 63 кг) миёни занон намояндагӣ мекунанд.
Дар миёни мардон бошад, аз варзишгарони тоҷик Муслимбек Каримов (то 60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг) ва Темур Раҳимов (+100) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ , аз ҷумла дар баробари медали тилло 5000 евро, барои барандагони медали нуқра 3000 ва брои медали биринҷӣ 1500 евро дода мешавад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.