28.9 C
Dushanbe

Дар мусобиқаи Абу-Дабӣ Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Дар мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки фардо оғоз мешавад, аз Тоҷикистон 11 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.

Акс аз сомонаи КМОТ

Мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022” дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзҳои 21-23-уми октбри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазнӣ байни мардон ва занон) 430 варзишгар аз 66 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар, аз ҷумла Шоҳида Қаландарова (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 63 кг) миёни занон намояндагӣ мекунанд.

Дар миёни мардон бошад, аз варзишгарони тоҷик Муслимбек Каримов (то 60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг) ва Темур Раҳимов (+100) қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ , аз ҷумла  дар баробари медали тилло 5000 евро,  барои барандагони медали нуқра 3000 ва брои медали биринҷӣ 1500 евро дода мешавад.

Инчунин онҳо дар ин мусобиқа соҳиби холҳои рейтингии олимпӣ мегарданд. Мақомои аввал 1000 имтиёз, барандагони медали нуқра 700 имтиёз ва барандагони медалҳои биринҷӣ соҳиби 500 имтиёз мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Гурӯҳи 24” рафтори мақомоти рус ва беамалии мақомоти тоҷикро маҳкум кард

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте рейду боздошт ва латтукӯби муҳоҷиронро дар шаҳру ноҳияҳои Русия муносибати ғайриинсонӣ ва бераҳмонаи мақомоти давлатии ин кишвар номид.

Шикояти вакилони дифоъи Хуршед Фозилов

Вакилони дифои рӯзноманигори зиндонӣ Хуршед Фозилов аз болои ҳукми Додгоҳи Панҷакент ба Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурдаанд.  

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.