16.9 C
Dushanbe

Роҳ ёфтани варзишгарони тоҷик ба даврҳои ниҳоии Қаҳрамонии бокси Осиё

11 варзишгари тоҷик муборизаро барои дарёфти ҷоиза дар Қаҳрамонии бокси Осиё байни ҷавонони то 22-сола дар Тошканд идома медиҳанд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ ба ин мусобиқа 18 варзишгари тоҷик иштирок карданд, ки танҳо ба 11 нафар муяссар шуд мусобиқаро дар даври ниманиҳоӣ (9 нафар) ва ниҳоӣ (2 нафар) идома диҳанд. Даврҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ рӯзҳои 27-ум ва 29-уми январ баргузор мегарданд.

Даври ниманиҳоӣ:

51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Ҷаъфар Ҳошим Мусо (Ироқ)

57кг – Хусравхон Раҳимов – Дилшод Абдумуров (Узбекистон)

67кг – Расул Аҳадов – Ҷавлонбек Юлдошев (Узбекистон)

48кг – Сумайя Қосимова – Ҳикару Като (Ҷопон)

52кг – Ҳусния Холова – Фирӯза Казакова (Узбекистон)

63кг – Малика Нозимова – Мунмарсурен Тсегтсегдари (Муғулистон)

75кг – Абдумалик Болтаев – Ризо Толиб Ҷаббор (Ироқ)

80кг – Некрӯз Салимов – Омурбек Бекжигит уулу (Қирғизистон)

86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Бакит Токтосун уулу (Қирғизистон)

Даври ниҳоӣ:

92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)

+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон).

Аввалин Қаҳрамонии бокси Осиё миёни ҷавонони то 22-сола рӯзи 22-юми январ оғоз гардида, дар он 90 варзишгар аз 12 давлати қораи Осиё иштирок доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.