26.9 C
Dushanbe

2,5 миллиард сомонии дигар барои сохтмони Роғун

Дар соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Тоҷикистон аз буҷети кишвар маблағи калон ҷудо карда мешавад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт.

Ба гуфтаи вазир, дар соли 2022 барои бунёди бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар ҷудо намудани 2,5 миллиард сомонӣ аз буҷа (ҳудуди 221 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.

Соли 2021 барои сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ (2,1 млрд сомонӣ) ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, дар умум 3,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст.

Дар соли 2020 барои ин лоиҳа аз буҷаи кишвар 2,2 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...