Дар соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар Тоҷикистон аз буҷети кишвар маблағи калон ҷудо карда мешавад. Дар ин бора имрӯз дар нишасти хабарӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт.
Акс: ИнтернетБа гуфтаи вазир, дар соли 2022 барои бунёди бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар ҷудо намудани 2,5 миллиард сомонӣ аз буҷа (ҳудуди 221 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.
Соли 2021 барои сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби буҷети давлатӣ (2,1 млрд сомонӣ) ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, дар умум 3,4 миллиард сомонӣ сарф шудааст.