€500 млн. ҳаҷми мубодилоти тиҷорати Тоҷикистону Эрон

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо телевизиони шабакаи яки ин кишвар гуфтааст, ки дар як соли оянда сақфи мубодилоти тиҷоратии ду кишвар ба 500 миллион евро хоҳад расид.

Ба гуфтаи Собирӣ, колоҳои тиҷоротии Тоҷикистону Эрон такмилкунандаи иқтисоди ду кишвар ҳастанд. Эрон ба Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ ва хадамоти фанни муҳандисӣ ва Тоҷикистон ба Эрон пахта ва алюмениюм содир мекунад.

Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон пеш аз сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки ин сафар саҳфаи ҷадидеро дар муносибатҳои ду кишвар боз хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикитон 19-уми сентябр пас мулоқот ва ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон гуфт: “Мо хоҳони густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳастем ва   зарурати талошҳои бештари сохторҳои соҳавиро ҷиҳати беҳбуди муомилоти тиҷоратии дуҷониба таъкид намудем.

Президенти Тоҷикистон таъкид кард: “Ба мақсади расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод намудем, ки ҷонибҳо “Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эронро то соли 2030” омода намуда,  ба имзо расонанд.”

Равобити Тоҷикистон бо Эрон дар соли 2015 баъд аз ҳодисаҳои хунини Душанбе, ки маъруф ба табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим, собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон мебошад, бад шуд ва дар муддат ба сардтарин ҳолати худ расида буд.

Тоҷикистон Эронро дар даст доштан дар қазияи Ҳоҷи Ҳалим дар соли 2015 ва дар қатлҳои занҷираӣ дар солҳои 1993-1997 ва пас аз солҳои ҷангии шаҳрвандӣ муттаҳам мекард, вале ҷониби Эрон пайваста ин иттиҳомоти Тоҷикистонро рад карда, ҳамзамон дар хеле мавридҳо сукутро авлотар медонист.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.