23.9 C
Dushanbe

77 кушта ва захмӣ дар Фаласатин

Дар натиҷаи як амлиёти низомии нерӯҳои исроилӣ дар минтақаи Ноблуси Исроил дасти кам се нафар аз хабарнигорон, ки ахборро аз наздик пайгирӣ мекарданд, захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои шабакаи “Алҷазира”, ки юриши низомиёни Исролро дар Ноблуси Фаластин аз наздик пайгирӣ ва бознашр мекунанд, мегӯянд, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо дасти 6 нафар ба шаҳодат расида, 71 каси дигар захмӣ шудааст. Табибон мегӯянд, ҳолати 7 нафари захмишудаҳо хеле вазнин арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода мешавад, ки бар асари партоби газҳои ашковар беш аз 250 нафари дигар нафасгир шудаанд. Дар байни касоне, ки ба шаҳодат расидаанд, як пирамарди 72-сола ва як навраси 14-сола низ гузориш мешавад.

Ин пирамарди 72-сола дар хиёбон пеши чашми мардум захмӣ шуд, нерӯҳои исроилӣ ба гурӯҳҳои наҷот иҷозат надоданд, ки сари вақт ӯро ба бемористон интиқол бидиҳанд ва дар ниҳоят пирамард дар кӯча ҷон бохт.

Вазорати хориҷаи Фаластин ҳам ин ҳодисаи хунинро “терроризми давлатӣ” алайҳи мардуми кишвараш хонда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар раъси он Амрико хостааст, ки пеш аз он ки вазъият беш аз ин буҳронӣ ва аз идораи давлат хориҷ шавад, бояд вориди амал шавад.

Гурдонҳои Иззиддин ал-Қассоми нерӯҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза ҳам эълон карда, ки мо ҷиноятҳои нерӯҳои исроилӣ дар ҳаққи мардумамонро дар сарзаминҳои ишғолӣ аз наздик пайгирӣ мекунем ва сабри мо ҳам ба поён мерасад.

Ин амалиёти низомӣ бо ҳузури садҳо нафар аз низомиёни исроилӣ, ки бо мошинҳои ҳарбӣ, тайёраи бидуни сарнишин ва силоҳҳои гуногун ҳудуди се соат давом кард.

Ҳамзамон бархе аз фаъолони сиёсӣ ва маданӣ дар Фаластин ҷомеаи ҷаҳониро ба он муттаҳам мекунанд, ки вақте даҳҳо нафар аз фаластиниҳо кушта ва захмӣ мешавад, парво надорад, вале замоне, ки чанд нафар аз исроилӣ кушта шавад, дарҳол аз ҳама минбарҳо садояшонро баланд карда, ба ҳимояти онҳо ба по мехезанд.

Гуфта мешавад, ин нахустин ҳамлаи низомиёни исроилӣ ба шаҳракаҳои фаластинӣ дар дохили ин кишвар нест, балки нерӯҳои исроилӣ танҳо дар давоми ҳамин моҳ беш аз 36 нафар аз фаластиниёнро, ки дар байни онҳо кӯдакон ва пиронсолон ҳам будаанд, ба қатл расонидаанд.

Аз сӯи дигар, гуфта мешавад, ҳукумати Нетаняҳу бо буҳронҳои зиёде дар дохили Исроил ва берун аз он даст ба гиребон аст ва ба хотири ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум ба худ ва дур сохтани афкори омма аз асли мушкилот чунин амалиётҳои низомиеро бо баҳонаи таъмини амният ташкил мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.