770 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки аз се як ҳиссашон занону кудакон мебошанд аз Русия ихроҷ мешаванд.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия гуфта, ки ин муҳоҷирон дар рӯйхати зери назорати Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд ва то 10-уми сентябри соли 2025 мақоми худро дар ин кишвар қонунӣ нагардонданд.
Ба гуфтаи Володин, ин афрод бояд пешакӣ таърихи рафтан ва масири сафарро нишон дода, Русияро худашон тарк кунанд, дар ғайри ин сурат ҷарима ва маҷбурӣ аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.
Ҳамчунин ин афрод дигар наметавонанд дар Русия шаҳодатномаи ронандагӣ гиранд ва мошин идора кунанд, мошин ё амволи ғайриманқул харанд ё фурӯшанд, ақди никоҳ банданд ва суратҳисоби бонкӣ кушоянд ва ё пул фиристанд.
Володин таъкид мекунад, ки ин тадбирҳо ба танзими низоми муҳоҷират ва риояи қонунҳои Русия равона шудаанд.
Бояд гуфт, дар рӯйхати зери назорати ВКД-и Русия беш аз 120 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва маълум нест, чӣ қадари онҳо будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ гардондаанд.
Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ “рейд”-ҳои густардае дар ҷойҳое, ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли мағозаву бозор ва хобгоҳҳо идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.
Ва дар ҳашт моҳи соли 2025 Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳии Русия аллакай беш 35 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.
То ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия, ки ҳаққи бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, омори ихроҷшудаҳо аз тамоми Русияро нашр накардааст. Аммо пештар иттилоъ дода буд, ки дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ дар Маскав 7632 амалиёти махсуси тафтишу бозҷӯии муҳоҷиронро гузаронда, нисбат ба 1400 муҳоҷир қарор дар бораи ихроҷро содир кардааст.