Вуруд ба Русия — танҳо бо суғурта!

Роҳбари Ҳизби “Справедливая Россия” Сергей Миронов пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирони корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ҳатмӣ карда шавад.

Ин тарҳро Миронов дар Думаи давлатӣ зимни шарҳи қарори додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ки дар он гуфта мешавад, кишварҳои узви иттиҳод, аз ҷумла Русия, уҳдадор нестанд ба аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ ба таври автоматӣ суғуртаи ҳатмии тиббӣ (ОМС) диҳанд, ироа кардааст.

Ба гуфтаи вакили рус, барои гирифтани суғуртаи ҳатмии тиббӣ шаҳрванди хориҷӣ бояд расман кор кунад ва корфармо барои ӯ на камтар аз се сол маблағи суғурта супорад, ки аксари муҳоҷирони корӣ ба ин талабот ҷавобгӯ нестанд.

“Ҳеҷ мушкиле нест, бигзор суғуртаи ихтиёрии тиббиро харанд, аз ҷумла барои занон — барои назорати ҳомиладорӣ ва таваллуд”, — гуфтааст Миронов.

Ба иддаои Миронов, яке аз роҳҳои дигари ҳалли масъалаи суғуртаи муҳоҷирон метавонад ҷорӣ кардани усули кори муваққатӣ (омад-кор кард-рафт) бошад. Дар чунин ҳолат муҳоҷир танҳо бо дархости корфармо ба кишвар меояд ва корфармо хидматрасонии тиббии ӯро таъмин мекунад. Ҳамзамон, ба гуфтаи вакил, дар ин ҳолат коргар набояд аъзои оилаи худро бо худ ба Русия барад.

То замони ҷорӣ шудани чунин меъёрҳо Миронов пешниҳод кардааст, ки ҳадди ақал талаботи доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ҳамчун шарти убури сарҳад ҷорӣ карда шавад ва муҳоҷирон бояд чунин суғуратаро пешакӣ тавассути филиалҳои ширкатҳои русӣ дар кишварҳои худ харидорӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Қирғизистон алайҳи Русия барои иҷро накардани шартномаҳо ба Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шикоят бурдааст.

Он замон раҳбари Фонди суғуртаи ҳатмии тиббии Қирғизистон Азамат Муканов сабаби шикоятро рад шудани додани суғуртаи ҳатмии тиббӣ (ОМС) ба аъзои оилаҳои муҳоҷирони кории қирғиз дар Русия гуфтааст.

Ба гуфтаи Муканов, ҷониби Русия бо ин амалаш моддаҳои 96–97 Шартномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои узви иттиҳод ва таъмини иҷтимоии онҳоро танзим мекунад, риоя накардааст.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, тибқи шартномае, ки аз ҷониби ҳама кишварҳои узв (Русия, Қирғизистон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон) имзо шудааст, суғуртаи ҳатмии тиббӣ бояд на танҳо ба шаҳрвандоне, ки дар Русия кор мекунанд, балки ба аъзои оилаҳои онҳо низ дода шавад. Аммо Додгоҳи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо қабули қароре ин талаботро рад кардааст.

Дар ҳоле Сергей Миронов аз ҳатмӣ кардани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мегӯяд, ки пештар дар Русия пешниҳод шуда буд, ки муҳоҷирон барои аъзои оилаи худ, ки бо онҳо дар Русия зиндагӣ мекунанд, андозҳои иловагӣ пардохт кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.

Сокини 24-солаи “Дарвоз” ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Давлатов, ҷавони 24-сола ва сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳоми "тундгароӣ" ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳиндустон аз Русия хост, ҷанг бар зидди Украинаро поён бахшад

Нарендра Моди, сарвазири Ҳиндустон, аз президенти Русия Владимир Путин хост, ки ба ҷанги зидди Украина хотима бахшад.

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.