Бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон сокинони кишвар дар як рӯз 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом бо барқ таъмин хоҳанд шуд, аммо 16 соати дигар аз барқ маҳрум.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ барқияи фаврии Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” нашр шудааст, ки дар он раҳбарони филиалҳои ин ширкатро вазифадор намудааст, то аз 11-уми март ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 8 соат барқ бидиҳанд.
“...аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, хамарӯза соатҳои 04:00 – 08:00 ва 17:00 – 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед”, – супориш додааст Гуҷрал.
Аммо дар ин барқия гуфта нашудааст, ки кай маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинон бардошта мешавад. Ин дар ҳолест, ки аз моҳи сентябри соли 2023 дар аксар минтақаҳои кишвар лимит ҷорӣ шудааст. Ҳатто аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шабона интиқоли барқ то 2-3 соат қатъ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки бо сард шудани ҳаво ва боридани барфи зиёд дар моҳҳои февралу марти соли ҷорӣ, барқ дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ҳатто Душанбе қатъ гардид. Дар пайи ин бебарқӣ ва сардии ҳаво аҳолии кишвар талош карданд, хонаҳои худро бо бухориҳо гарм кунанд, ки аксар аз ангишт истифода карданд.
Дар пайи истифода аз ангиш дар давоми камтар аз ду ҳафта наздики 20 нафар аз сокинон оилавӣ аз дуди он заҳролуд шуда, ҷон бохтанд.
Бори охир шаби 5-уми марти соли ҷорӣ дар деҳаи Турушбоғи шаҳри Ҳисор се узви як хонавода ба ҳалокат расид.
Инчунин 2-уми марти соли 2024, 3 кӯдаки ноболиғ дар шаҳри Душанбе бар асари оташ гирифтани хона аз дуди ғализ заҳролуд шуда, онҳо низ ҷони худро аз даст доданд.
Пеш аз ин ду ҳодиса Муҳаммад Иқболи Садриддин, раҳбари шабакаи “Ислоҳ.нет” дар саҳифаи фейсбукияш иттилоъ дода буд, ки рӯзи ҷумъаи 1-уми марти соли ҷорӣ “Панҷ сокини Хистеварз аз бе барқӣ ҳалок шуданд”.
Ва пеш аз инҳо шаби 27 ба 28-уми феврали соли ҷорӣ шаш сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, бар асари дуди ангишт ҷон бохтонд. Ба қавли расонаҳо, ин шаш нафар иборат аз падари 38-солаи ин хонавода, модари 37-сола, фарзандони 11, 9, 8 ва 6-сола буданд. Ҳамсояҳо аз марги онҳо нисфирӯзии 28-уми март бо хабар шуданд.
Ин ҳодисаҳо ҷомеаи тоҷикро сахт нигарон кардааст ва онҳо мегӯянд, ки дар чунин ҳолатҳо барои мақомот беҳтар нест, барқро ба хориҷ нафурӯшанду сокинонро бо барқ таъмин кунанд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон танҳо дар соли 2023 ба кишварҳои хориҷа беш аз 2,6 млрд кВт. соат барқ, аз ҷумла ба Афғонистон – 1 млрд, 624 млн кВт.соат, Узбекистон – 907,5 млн кВт.соат ва Қазоқистон – 144 млн кВт.соат содир кардааст, ки назар ба соли 2022 124 млн кВт. соат бештар аст.
Инчунин тибқи шартномаи нав, ширкати “Барқи тоҷик” фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2023 наздик ба 20% зиёдтар кардааст.
