Тоҷикистон дар раддаи кишварҳои ғайриозод боқӣ монд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон “Freedom House” гузориши солонаи худро бо номи “Озодӣ дар ҷаҳон. Сояи афзояндаи худкомагӣ” нашр кард, ки дар он Тоҷикистон бо гирифтани ҳамагӣ 5 хол аз 100 дар гурӯҳи кишварҳои “ғайриозод” боқӣ мондааст.

Ин гузориш, ки 19-уми марти соли ҷорӣ нашр шудааст, рӯйдодҳои соли 2025-ро дар бар гирифта, вазъи 195 кишвар ва 13 минтақаро аз рӯи ду нишондиҳандаи асосӣ — ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ баҳо медиҳад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки президент Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз се даҳсола дар сари қудрат буда, низоми сиёсӣ торафт бештар атрофи ҳокимияти феълӣ мутамарказ гашта, институтҳои сиёсӣ заиф шудаву фаъолияти расонаҳо, созмонҳои мустақили ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии гирдиҳамоӣ ва изҳори назар чиддӣ маҳдуд гаштаанд.

Ҳамчунин гузоришгарони ин созмон мегӯянд, ки режими худкомаи президент Эмомалӣ Раҳмон пеш аз интихоботи соли 2015 сабти номи ҳизби умдаи мухолифонро бекор кард, баъзе аъзои ҳизб ва хешовандони онҳоро озору азият доду ба зиндон андохт ва дар баъзе ҳолатҳо кушт. Чунин саркӯбҳо солҳои баъдӣ ҳам идома кард ва имрӯз рақобати воқеӣ дар интихобот дар Тоҷикистон амалан вуҷуд надорад.

Тибқи маълумоти Freedom House соли 2005 Тоҷикистон тақрибан 30 хол дошт ва дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 5 хол поён рафт.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин ҳолате, ки дар Тоҷикистон аст, барои бисёре аз кишварҳои дорои низоми авторитарӣ хос мебошад.

Ҳамчунин дар ин гузориш таъкид шудааст, ки соли 2025 бистумин сол аст, ки сатҳи озодӣ дар ҷаҳон пайдарпай коҳиш меёбад. Дар давоми сол коҳиши нишондиҳандаҳои ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 54 кишвар ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле ки беҳбудӣ танҳо дар 35 кишвар мушоҳида шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаҳон авторитаризм, тақаллуб ва назорати интихобот аз ҷониби ҳукуматҳо, фишор ба расонаҳои мустақил, таъқиби нерӯҳои оппозитсионӣ, муноқишаҳои мусаллаҳона ва табаддулотҳои низомӣ афзоиш ёфта, озодии сухан, озодии матбуот ва ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи додгоҳӣ зарари ҷиддӣ дидаанд.

Бояд гуфт, “Freedom House” ягона созмоне нест, ки режими Эмомалӣ Раҳмонро барои маҳдуд намудани озодиҳо дар Тоҷикистон танқид мекунад. Дар гузашта созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, СММ ва ИА барои беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавсияҳо дода буданд, аммо ҳукумати амалкунанда он тавсияву пешниҳодҳоро ҳамеша нодида гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.